Худкушии арӯсаки 20 сола дар Ашт

 

Дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашт дар рӯзи дониш-1-сентябр Райҳона ном арӯсаки 20-сола, ки чанд моҳ пеш хонадор шуда буд, даст ба худкушӣ зад.

Сабаби ин ҳодисаи нохушро то имрӯз ҳар кас ба таври худ шарҳ медиҳад. Яке афсӯс хӯрда, мегӯяд келинчак аз ҷони ширинаш сер шуда, даст ба худкушӣ задааст, дигарӣ дар марги ин ҷавонзани зебо шавҳарашро гунаҳкор намуда, ҳадс мезанад, ки шояд домод пас аз тӯй духтарбозӣ карда, Райҳона аз рашк худкушӣ намуда бошад. Нафароне низ ҳастанд, ки ин фоҷиаро васвасаи шайтон ва тақдиру насиб мехонанд. Барои фаҳмидани асли гап мо роҳ ҷониби ноҳияи Ашт пеш гирифтем, зеро вақтҳои охир аксаран ҷавонзанҳо бо сабаби зӯроварӣ ва моҷароҳои оилавӣ даст ба худкушӣ мезананд…

Роҳи вайрону журналисти сарсон

Мо саҳаргоҳон, тахминан соатҳои 9.30 ба сафар баромада бошем ҳам, аз сабаби бисёр харобу вайрон будани роҳ танҳо нисфирӯзӣ ба манзил расидем. Мошин чунон тарақ-туруқкунон моро то ба Ориён бурд, ки тамоми устухонҳои танам аз бардорузан ба дард даромаданд. Ҷонам ба лабам расида, қариб монда буд, ки аз роҳи сафар баргардам, зеро ба назарам чунон мерасид, ки ин роҳи вайрону валангор ҳеҷ интиҳо намеёбад. Барои он ки ранҷи роҳро камтар эҳсос намоям, раҳораҳ аз чанд нафар мусофирон сабаби даст ба худкушӣ задани арӯсаки 20-соларо пурсон шудам. Одамони дар даруни нақлиёт буда бо як овоз мегуфтанд, ки Райҳона як духтари зебои панҷ панҷааш ҳунар буд ва на дар хонаи волидону на дар хонаи шавҳараш ягон мушкилӣ надошт. Ҳамеша гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшид. Бовар кардан душвор буд, ки як ҷавонзани нозанини чор ишкели зиндагиаш дуруст ва серу пуру хушбахт бе сабаб даст ба худкушӣ занад, аз ин рӯ кунҷковона пурсидам: “Шавҳараш хешу таборашон ё бегона?”

Ҳозирин мақсади маро пай бурда гуфтанд, ки Райҳонаро касе зӯран ба шавҳар надодааст. Ҷавонеро дӯст дошта бо дуои неки волидон ва тӯйи осмонкаф хонадор шуда буд. Дар зиндагӣ хушбахт буд, шавҳараш ӯро рӯйи даст бардошта мегашт. Аз тӯйи ин Лайлию Маҷнун ҳанӯз як сол ҳам нагузаштааст. Касе ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин арӯсаки хуштолеъ даст ба худкушӣ мезанад, вале тақдирро тадбир набудааст…

Ду гул хазон гашту…

Як марди тахмин 45-50 солае, ки дар паҳлӯи ронанда нишаста буд, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда гуфт:

-Духтарам, дар ҷамоати мо умуман худкушию куштор гуфтагӣ гап набуд, вале намедонам чи шуду чӣ монд, ки дар байни як моҳ якбора ду ҳодисаи нохуш рӯй дод. Чанд рӯз пештар аз марги ин арӯсак як духтари дигари 17-сола даст ба худкушӣ зада буд. Вай орзуи донишҷӯ шудан доштааст, вале аз маркази тести ба телефонаш СМС меояд, ки шумо аз имтиҳон нагузаштед. Духтари бечора “шарманда шудам”  гӯён, худкушӣ кардааст. Мардуми деҳот бо ҳам бисёр қарин ва мисли хешу табор меҳрубон буда, фоҷиаи ба сари ҳар як хонавода омадаро мисли дарди худашон ба дил наздик қабул мекунанд. Ҳанӯз ғами он духтараки ғӯрамарг дур нашуда, ин келинчак худкушӣ кард ва дар дили хурду калон доғи нав ниҳод…

-Ман ба ҳамин ҷавонҳо ҳайронам, барои дупула гап дарҳол даст ба худсӯзию худкушӣ зада, андеша намекунанд, ки ҳоли падару модари бечораашон чӣ мешавад. Он ду духтар-ку мурда рафтанд, вале захми дили волидону пайвандонашон то рӯзи қиёмат шифо намеёбад. Шумо рафта як бор ҳоли зори он падару модари зиндадаргӯрро бубинед. Дили санг ҳам бо дидани ашки хунини он бечораҳо об мешавад. Наход одам то ҳамин андоза беандеша бошад, ки падару модар ва пайвандонашро ба ғусса тар кунад, -ба гап ҳамроҳ шуд зани дигари миёнасоле ҷавононро ба бетоқатию беандешагӣ мазаммат намуда…

 Ҳамин тавр ҳар кас сабаби худкушии занону духтаронро ба таври худ шарҳ медод, вале бисёриҳо бар он ақида буданд, ки насли нав бисёр эрка шудаанд ва аксаран барои гапу корҳои майда-чӯйдае, ки дар ҳар як хонадон рӯй медиҳанд, даст ба худкушию худсӯзӣ зада, дар дили наздиконашон доғи абадӣ мениҳанд…

Уғулой Иброҳимова:

Кӯдаки бечора “шок” шудааст

         Ниҳоят бо сад азобу ранҷ мо бо мошини шалақу роҳи вайрон ба Ориён расидем. Вақте сабаби даст ба худкушӣ задани арӯсаки 20 сола Райҳонаро аз Уғулой Иброҳимова, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ҷамоати Ориён пурсон шудем, оҳи сард кашида гуфт:

-Ман ба ҳамин келину духтарҳои ҳозира ҳайронам, барои дупула гап даст ба худкушӣ мезананд. Худкушӣ кардан, агар роҳи халосӣ мебуд, ман кайҳо даст ба худкушӣ мезадам, чунки ғаму дардҳое, ки ман дар зиндагӣ дидам, шояд ягон кас надида бошад. Шавҳарам ҷавонмарг шуд, писари 27-солаю духтари 26-солаамро аз даст додам. Ҷигарам аз ғами  ҷигарбандонам пора-пора аст, вале хотири ду фарзанди дигарам мардона ба ҳама дарду ранҷҳои тақдир тоб оварда, зиндагӣ мекунам.

-Дар зиндагӣ на ҳама мисли шумо иродаи оҳанин доранд ва баъзан ҷони занҳо аз мушту лагади шавҳар, таънаи хушдоману хоҳаршӯй ва дигар мушкилоти зиндагӣ ба лабашон расида, роҳи халосиро аз ин гирдоб дар худкушӣ мебинанд…

Ман мақсади шуморо фаҳмидам. Мурдаро ғайбат кардан хуб нест, вале ин арӯсак ягон мушкили бузурге надошт, ки ҷонашро ба лабаш оварда, ӯро ба худкушӣ маҷбур карда бошад. Моҳи декабр бо ишқу муҳаббат хонадор шуда буд. Пас аз тӯй шавҳараш барои кандани қарз ва пеш бурдани зиндагӣ ба Русия рафт. Хушдоманаш аз зумраи он занҳое нест, ки ба ҳар кору бори келин бинӣ халонда, эрод бигирад. Хоҳарони шавҳараш ӯро аз ҷонашон бештар дӯст медоштанд ва бо янгаи хушрӯяшон фарх мекарданд. Райҳона чи дар хонаи падару модари худаш ва чи дар хонаи хушдоманаш ҳамеша гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид…

-Эҳтимол ҳамон рӯзи наҳс байни арӯсаки сарсахт ва пайвандони шавҳараш ягон нофаҳмӣ сар зада, боиси даст ба худкушӣ задани Райҳона гашта бошад…

Ҳамон рӯз хушдоманаш дар хона набудааст, ки ягон гапи ноҷо зада ба асаби келин расида бошад. Райҳона дар хона бо як хоҳари шавҳараш, ки дар синфи 7 мехонад, танҳо будааст. Духтараки ҷавон янгаашро дар расан овезон дида талхакаф шудааст. Кӯдаки бечора то ҳол дар ҳолати “шок” қарор дорад ва ба ягон савол ҷавоби дуруст дода наметавонад…

Уғулой Иброҳимова ба мо баёнотеро дароз намуд, ки рӯзи ҳодиса дар хона набудани модаршӯйи марҳумро тасдиқ менамуд.

Пас аз хондани баёнот мо тасмим гирифтем, ки ба хонаи шавҳари Райҳона рафта бо аҳли оила суҳбат намоем, вале хушдомани арӯсаки ғӯрамарг баъди марги фоҷиавии келинаш ба бистари беморӣ афтида дар беморхона хоб будааст. Ташвиш додани бемор аз рӯйи одоб нест, бинобар ин, мо роҳи ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-ро пеш гирифтем, то бо волидони ин арӯсаки ноком суҳбат намоем…

Бибиҳоҷар Ортиқова:

Духтарам соати 8 занг заду соати 9 худкушӣ кард

Моро зани тахминан 50 солае пешвоз гирифт, ки аз чеҳраи ба мисли заъфарон зардаш ғаму дард меборид. Маълум шуд, ки ин зан модари бахтбаргаштаи Райҳона-Бибиҳоҷар Ортиқова ва марди қоматхамидаи дар саҳни ҳавлӣ буда падари бадбахти марҳум аст. Пас аз адои қарзи худованду одоби салом ва арзи ҳамдардӣ мо сабаби даст ба худкушӣ задани фарзандашонро аз ин волидони ҷигарсӯхта пурсон шудем. Модари Райҳонаи номурод оҳи сарди пурдарде кашида гуфт:

-Дар байни се духтари мо Райҳона аз ҳама зеботар ва панҷ панҷааш ҳунар буд, вале афсӯс, мисли гули навкушуфтае, ки дар фасли баҳор якбора ба болояш барф меборад, пажмурда гашта нобуд шуд. Ростӣ модар бошам ҳам, то имрӯз барои ман марги фарзандам як муаммои сарбаста аст. Намедонам барои чӣ Райҳона даст ба худкушӣ зада, ману падару хоҳаронашро зиндадаргӯр кард…

Муносибати Райҳона бо пайвандони шавҳараш чӣ гуна буд? Вай ягон бор аз хушдоман ва хоҳаршӯйҳояш шикоят накарда буд?

-Бигӯям, ки зиндагии духтарам душвор ва касе дар хонаи шавҳараш ӯро азоб медод, ин гап дар ҳаққи қудо ва фарзандони ӯ туҳмат ва ман пеши парвардигор гунаҳкор мешавам. Хушдомани Райҳона инсони хуб аст ва ростӣ гап духтарам модаршӯяшро аз ман дида бештар дӯст медошту ҳурмат мекард. Бо хоҳарони шавҳараш дугона буд ва мудом онҳоро таърифу тавсиф мекард. Намедонам чӣ шуду чи монд, ки якбора ин бало ба сарамон омада, ҳам оилаи мо ва ҳам хонаводаи қудоро ноором намуда, ҳамаамонро ба ғаму дард гирифтор кард…

-Пеш аз маргаш духтаратон ягон бор ба шумо ё хоҳаронаш аз шавҳараш шиква накарда буд?

-Райҳона ягон бор аз зиндагиаш шикоят накардааст. Шаби 1-уми сентябр тахминан соатҳои 7:30 ё 8:00 ба  апааш Гулфиза занг зад. Мо ба додараш келин гирифта пагоҳаш маърака доштем. Райҳона аз апааш хоҳиш кард, ки вайберашро гирон кунад. Азбаски худаш дӯзанда буд, ҳамеша олуфтаю зебо мегашт. Ҳамон бегоҳ чанд сурати бо либоси нав дӯхтааш гирифтаашро ба мо фиристода пурсид, ки пагоҳ дар маърака кадом куртаашро пӯшида биёяд. Дар назарам духтарам аз ҳарвақта дида зеботар намуд. Либоси наваш ба рӯи барф барин сафеду қомати зебои Райҳона чунон зебида буд, ки ҳаваси кас меомад. Шӯхӣ карда ба ӯ гуфтам, ки худашро аз чашми бад эҳтиёт кунад. Духтарам хандида “ман дар назари шумо хушрӯй менамоям” гуфту хайрухуш намуд. Мани берӯзӣ аз куҷо медонистам, ки ҳамагӣ як соат пас хабари марги гул барин духтари наварӯсамро мешунавам…

-Хабари марги Райҳонаро кӣ ба шумо расонд?

-Хушдоманаш ҳамон рӯз ба беморхона духтарашро хабаргирӣ рафта, Райҳона дар хонаи бо як хоҳаршӯяш танҳо будааст. Қудо аз беморхона баргашта келинро дар банди дор овезон мебинад ва аз тарс бо тамоми овоз фарёд зада, ресмонро мебурад, вале аллакай кор аз кор гузашта, духтаракам ҷон дода будааст…

-Шумо ҳамчун модар дар марги духтаратон ё аз касе гумонбар ё домангир ҳастед?

Аз касе домангир нестам.  Райҳона шавҳари меҳрубон, хушдомани мисли модар дилсӯз, хоҳаршӯйҳои аз хоҳарони худаш ҳам меҳрубон ва зиндагии шоиста дошт. Духтарам на дар хонаи падар танқисӣ мекашиду на дар оилаи шавҳараш, намедонам  чӣ ӯро ба худкушӣ маҷбур кард. Ман ҳамчун модар худкушии фарзандамро аз тақдиру насиб медонам.

 Гулфиза Ортиқова, хоҳари марҳум:

Хоҳарам бо шавҳару хушдоманаш фахр мекард

-Аксар келину хушдоманҳо мисли мушу гурба ҳастанд ва рӯзе нест, ки бо ҳам ҷанг накунанд, вале хоҳари ман боре аз хушдоман ё шавҳараш шикоят накарда буд. Баръакс, мегуфт, ки ман аз шумоён дида оилаи шавҳарамро зиёдтар дӯст медорам, чунки акнун оилаи асосии ман онҳо ҳастанд. Ҳамон рӯз ҳамагӣ як соат пеш аз маргаш Райҳона бо ман телефонӣ гап зада  буд. Як-ду аксашро фиристода гуфт, ки кадом куртаам зеботар аст, ки пагоҳ ҳамонро пӯшида ба маърака равам. Куртаи ардасро маъқул карда “ҳамонро пӯш ба ту мезебад” гуфтам, вале бо он курта ба хонаи падар омадан ба Райҳонаи нокоми муяссар нагашт. Як соат пас хабари марги хоҳаракамро ба мо расонданд. Райҳона рафту моро зиндадаргӯр кард. Райҳона рафту дар дили мо захмӣ абадӣ ниҳод. Захме, ки касе онро даво бахшида наметавонад…

   Фарзона Муродӣ

            Хуҷанд-Ашт-Ориён-Ифтихор-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *