Худкушии арӯси 20-сола
Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон арӯси 20-сола Рӯзихон Эргашева 16 июн, баъд аз панҷ моҳи зиндагӣ дар хонаи шавҳар худкушӣ кард. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Эргашева дар пайи як баҳс бо модари шавҳараш, ки гӯиё ӯро аз хона рондааст, худро ба зери қатор партофт.
Шоҳидон мегӯянд, қатори «Андиҷон-Бухоро» ҷасади сокини деҳаи «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ӯзбекистони Фарғонаро пахш ва пора-пора кардааст.
«Рӯзи Иди фитр модари Рӯзихон туҳфа харида, ба дидани духтараш омад. Баъд аз рафтани модар хушдоман бо Рӯзихон ҷанҷол кардааст, ки чаро модари ӯ туҳфаи арзон овард. Духтар нағз дида шавҳар карда буд ва эҳтимол меравад, шарм доштааст, ки ба хонаи волидонаш баргардад», — изҳор дошт яке аз ҳамсояҳои хонавода.
Вале шавҳари Рӯзихон Иқболҷон Эргашеви 25-сола ин иддаоро рад кард.
«Субҳи рӯзи ҳодиса Рӯзихон бачаашро ғалтонд ва ман ҳамроҳи модарам ӯро ба шифохона бурдем. Сипас ба хона баргашта, ду-се соат истироҳат кард ва гуфт, ба хонаи модараш меравад. Вале шаб хабари шумро расонданд. Дар хонаи мо баҳс ё ҷанҷоле нашудааст», — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ