Худкушии донишҷӯи туркман дар Киев
Муқаддас Насиралиева, донишҷӯи туркман дар шаҳри Киеви Украина, ки чанде пеш бедарак шуда буд, худкушӣ кардааст.
Ба иттилои раиси диаспораҳои мардумони туркман дар Украина Ровшанбек Розматов, Муқаддаси 18-сола баъди он ки натавонист ҳуҷҷатҳои будубошашро дар Украина тамдид кунад, худкушӣ кардааст.
Ин донишҷӯи туркман, ки дар Донишгоҳи миллии тиббии Украина таҳсил мекард, 13 феврал бедарак шуд. Хабар дода мешуд, ки муҳлати раводиди вай ба поён расидааст ва вай танҳо бо санади факултете, ки онҷо таҳсил мекунад, метавонист буду бошашро тамдид кунад. Муқаддас натавонист будубошашро тамдид кунад ва дар натиҷа худкушӣ кард, мегӯяд Розматов.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти донишгоҳ мегӯянд, Насиралиева то худкушӣ карданаш аз донишгоҳ ихроҷ шуда буд. Муҳлати визаи вай дар моҳи декабри соли 2017 ба поён расида буд.
Ҷасади Насиралиева ҳанӯз пайдо нашудааст. Рошанбек Розматов талош дорад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи «расонидан то ба худкушӣ» парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ