Худкушии талабаи синфи 8 пас аз таҳқир дар мактаб

Ҷасади Мирафзал Абдурашидов, хонандаи синфи 8 мактаби миёнаи №63 шаҳри Бешкенти Ӯзбекистон 2 ноябр дар оғили хонаашон пайдо шуд. Падари Мирафзал мегӯяд, писараш баъди таҳқири оммавӣ дар мактаб худкушӣ кардааст.

«Як моҳ пеш роҳбари синф ҳамдарсонро маҷбур кард, ки ба рӯи Мирафзал туф кунанд. Баъди таҳқирҳои пайдарпай писари ман дигар намехост ба мактаб равад. Вай ду рӯз пеш аз худкушиаш мактабравиро бас карда буд», — гуфт Ҷаҳонгир Абдурашидов, падари Мирафзал.

Ин дар ҳолест, ки мудири мактаби №63 гуфтаҳои Ҷаҳонгир Абдурашидовро рад мекунад. Ба гуфтаи мудир, Мирафзал дар мактаб таҳқир нашудааст.

Баъди худкушии Мирафзал мудири мактаб ва роҳбари синф аз мақом барканор шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *