Худо аз ин бад накунад! Чанд бардошт аз соли 2021

Соли 2021-ро бо ҳама бурду бохташ, инак, пас аз чанд рӯз падруд мегӯем. Бо умеду орзуҳои нав соли 2022-ро пешвоз мегирем. Ҳар сол дар пайи худ хотираҳои аҷоибу ғароибе дорад, яке накуҳиш мекунаду дигаре қаноатманд аст.

Аммо ба назар чунин мерасад, ки ин сол вазнинтарин аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мардум буд. Махсусан, онҳое, ки бо ҳазор машаққат бори вазнини рӯзгорро пеш мебаранд. Як назар ба болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо кифоя аст, ки соли 2021-ро бигӯем аз кадом ҷиҳат хуб ё бад буд.

Дар соли сипаришаванда нархи ҳама чиз дар бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ ба қавли бобои Ниёз, “ба осмон дакка хӯрд”. Аммо, гӯё касеро, махсусан масъулини танзиму назорати нарх дар бозорро парвое набуд. Агар баъзан пинаки масъулинро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вайрон накунад, онҳо ҳеҷ иқдоме барои беҳбудӣ зиндагии мардум нишон намедиҳанд.

Орду шакар, равған, тухм, сабзӣ, картошка… роҳкирои нақлиёти заминиву осмонӣ, умуман, қариб нархи тамоми намуди маҳсулоту хизматрасонӣ дар соли 2021 боло рафт. Бо ин ҳама, сокинони кишвар ба осмон менигаристанду шукрона мегуфтанд. “Худо аз ин бад накунад, ба дили фурӯшандаҳову раисони мо инсоф диҳад”,-борҳо мешунидам аз забони бобои Ниёз.

Аммо як рӯз дар ҷойи кор ба фикре банд будам, ки ногоҳ дар “Фейсбук” назарам ба акси бобои Ниёз афтод. Ҳайрон шудам, ки бобои Ниёз дар “Фейсбук” чӣ меҷӯяд!? Охир, ӯ истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз куҷо медониста бошад!? Зеро, фақат рӯзномахон буду навиштани ин ё он мавзӯи доғро ба журналистон пешниҳод мекард. Аммо ин гумонам ботил баромад. Дар зери аксаш сӯгворие навиштаву ҳама барояш раҳмату мағфират мехонданд.

Охируламр, ҳамин касофати болоравии бесобиқаи нарх ва нафақаи ночиз ба рӯзгузаронӣ, ки то нисфи моҳ басанда набуд, бобои Ниёзро аз дунё бурд. Мисли бобои Ниёз, шояд ба чандин каси дигар ин  гарониҳои нархи маҳсулоту бори вазнини рӯзгор таъсир кардаву риштаи умрашон канда шуд. Сад дареғ!

Баргардем ба вазъи воқеие, ки соли сипаришаванда дар рӯзгорамон рӯ ба рӯ шудему таманно дорем, то дигар дар соли нав наояд. Аслан, умдатарин маводи ғизоӣ барои мардуми Тоҷикистон дар нимсолаи соли равон як баробар гарон шуд. Як литр равған аз 12-13 ба 25 сомонӣ, шакар аз 6-7 ба 10 сомонӣ, як дона тухми мурғ аз 70-80 дирам ба 1 сомонӣ ва бештар аз он расид. Дар мавриди баланд шудани нархи равған, харидорон аз фурӯшандаҳо шикоят мекарданду фурӯшандаҳо дар навбати худ аз воридкунандаҳои ин маводи ғизоӣ. Маълум  набуд, ки айб дар ош буд, ё дар мош! Аммо, яқинан монополия буд.

Аҷиб, тоҷироне дорем, ки нархи маҳсулоти дар анборҳояшон захирашударо якбора бо баҳонаи “таъсири беруна ва қимматии доллар” якбора ба осмон мерасонанд. “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” шиорашон асту даромади муфт ба даст меоранд. Ҳоло ҳам чунин амалашонро идома дода истодаанд. Инро метавонед боз дар арафаи Соли нав мушоҳида кунед! Зеро ҳар иду аём чунин муносибат ба ҳукми анъана даромадааст. Дар бозору мағозаҳо ҷойи сӯзанпартоӣ намемонаду мардум дар навбати хариду нархҳо калаванда. Вале ҳамоно маошу нафақа ва шароити иқтисодиву иҷтимоии мардум ба чунин гароншавиҳо дошт карда наметавонад.

Боз гапи худораҳматии бобои Ниёз ба ёдам мерасад: “Худо аз ин бад накунад, ба дили масъулину фурӯшандаҳо инсоф диҳад!”.

Дар соли нави 2022 умед бар он мебандем, ки вазниниҳои соли сипаришаванда такрор нашаванд ва мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *