«Худо бо ман гап мезанад»… Боздошти Қурбонмуроди ҷинбарор дар ноҳияи Айнӣ
Мақомоти милитсияи кишвар ин навбат аз боздошти як нимчамуллою ҷинбарор ва бахткушо дар ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Бо роҳи сеҳру ҷоду касе то имрӯз шифо наёфтааст. Вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам мардум ба он умед доранд, ки сеҳру ҷоду мушкулкушои зиндигии онҳо шуда метавонад.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Қурбонмурод Тағоев саводи диниву дунявӣ надошта, худро муллои ҷинбарор ҳисобида, аз мардум маблағ мегирифтааст.
Ӯ ба хонаҳои мардум даъват шуда, бахткушоӣ ва ҷинбарорӣ мекардааст.
Ҳамчунин, Қурбонмурод Тағоев нисбати занони корафтода кирдорҳои бадахлоқона анҷом медодааст. Номбурда мактаби миёнаро то синфи чор хондааст. Ҳоло ба чӯпонӣ машғул будааст.
Қурбонмурод Тағоев иддао дорад, ки Худо бо ӯ гап мезанад, на бо мардумии одӣ.
Ҳоло номбурда дар боздошгоҳ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ