Худо накунад, ки ӯро боз «тоҷик аст» гӯянд!

Хадамоти федералии амнияти Русия — «ФСБ» аз боздошти донишҷӯй аз Осиёи Марказӣ барои ҷонибдорӣ аз созмони террористии ДИИШ* хабар дод

Дар Маскав донишӯи Донишгоҳи технологиии Русия боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст, хабар дод «ФСБ».

«Аз фаъолияти ҷонибдори ДИИШ, ки талоши ҷалби донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои пойтахтро ба тундгароию терроризм дошт, ҷилавгирӣ шуд», — навиштааст РИА Новости бо такя ба иттилоияи Хадамоти федералии амният.

Ба иттилои тафтишот, ҷавони муттаҳам шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангиёни ДИИШ — ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд, — иттило додааст манба ба Sputnik. 

Таъикд шудааст, ки ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ боздошт намудаанд. Парвандаи ҷиноӣ барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм ифтитоҳ шудааст.

Манбаъ афзуд, ки тайи ду соли охир мақомоти қудратии Русия беш аз 90 амали террористиро пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки бештари онҳоро исломиёни тундгаро дар қисмати аврупоии Русия тарҳрезӣ мекардаанд.

Аммо тибқи иттилои дастрас шуда маълум нест, ки донишҷӯ бо кадом далели мушаххас боздошт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *