Худо подшоҳ! Иборае, ки асос барои кори савоб шуд
Зану шавҳар вориди дорухона шуданд. Хеле парешону хастаҳол буданд. Мард дорухатро ба фурӯшанда дароз карда, хоҳиш намуд, ки аввал нархи доруҳои навишташударо ҳисоб кунад. Дар чанд дақиқа хоҳиш иҷро шуд: «1725 сомонӣ!».
Зану мард ба андеша фурӯ рафтанд. Ҳамсарон баъди машварати кӯтоҳ ва ба таври худ чанде аз доруҳоро аз дорухат ихтисор карданд.
Доруфурӯш рӯйхатро ба даст гирифта, такроран ҳисоб кард: «1125 сомонӣ!».
Мард лаб газиду сар ҷунбонид, зан оҳи сарде бадар кард. Онҳо ноумед аз дорухона берун шуданд. Аммо, дақиқае нагузашта, боз вориди дорухона шуданд. Мард ба фурӯшанда муроҷиат кард, ки фалон доруро низ аз дорухат ҳазф ва баъдан ҳисобӣ кунад. Ин дафъа ҳисоби доруи онҳо каме бештар 800 сомонӣ шуд. Пулро ба доруфурӯш дароз карда, зан хушҳолона ва пастакак ба гӯши шавҳараш гуфт: “25 сомонӣ боқӣ монд, ба хӯроки нисфирӯзии писарамон мерасад. То бегоҳ Худо подшоҳ!».
Ҳамин асно, як зани миёнсол, ки дар навбат истода, ин манзараро мушоҳида мекард, фурӯшандаро ба як кунҷи дорухона даъват кард. Онҳо паст-паст гуфтугузоре доштанд. Сипас, фурӯшанда ба паси ҷевони доруфурӯшиаш баргашт. Халтаи доруро дароз карда, ба зану мард фаҳмонд, ки инҷо тамоми доруҳои навишташуда мавҷуданд. «Бар замми ин, мувофиқи тахфиф ба шумо як миқдор пулатонро бояд баргардонам…».
Ман ҳам доруи даркориро харида, аз дорухона берун шудам. Аз пасам ду ҷавон мебаромаданд, ки яке мегуфт: «Кош, пули зиёдатӣ медоштаму ҳамин кори савобро ба ҷои он зан ман мекардам…».
Ҳамин андеша дар сари ман аз ин пештар пайдо шуда буд.
Он зани саховатпеша ҳам аз паси мо баромад, гӯё аз чашму рӯяш нур меборид. Чунон дар худ хушнуд буд, ки гӯё болу пар дошт, мепарид…
Иттифоқан, то наздикии чойхонаи “Гулбаҳор” ҳамон зану шавҳар халтаи дору дар даст пеш-пешам мерафтанд. Аз суҳбаташон маълум буд, ки аз саломатии писарашон, ки дар беморхона бистарӣ будааст, дар ташвишанд. Зан шавҳарро таскин дода, мегуфт, ки таваккал ба Худо кунед. Ман гуфтам-ку, Худо подшоҳ!
Б. ҚУРБОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ