Худовандо диҳад илҳому бахтат… (аудио)
Дар толори бузурги Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрели соли 2022 ҷашни 70-солагии табиби ҳушманду муътабари сатҳи ҷаҳонӣ, рӯзноманигор ва шоир Муллозуҳур Тоҳирӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Зеби ин нишаст пеш аз ҳама он чеҳраҳое буданд, ки аксари мо онҳоро шинохтаву бо онҳо ифтихор варзидаем. Меҳмонони зиёде аз доираҳои мухталифи ҷомеа онҷо ҳузур доштанд. Дӯстону пайвандониу ҳамдеҳагону ҳамтаборони Доктор Тоҳирӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шоирону соҳибқаламони кишвар, омӯзгорну донишҷӯёни макотиби олӣ ва дигарон ин нишастро зеб бахшида буданд.
Бо суханони нобу ҷаззоб садри маҷлиси бошукуҳи ин маҳфили адабӣ, Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким Доктор Муллозуҳур Тоҳириро ба санаи мубораки умри бобаракот, роҳи тайкардаи ин марди фидоии миллатро муборак намуда, оид ба кору фаъолияти ин чеҳраи саршинохта чанде сухани баарзишу сазовореро иброз намуд.
Садри аъзам пас он суханро ба Доктор Тоҳирӣ дод. Ин шахсияти саршинохта, табиби исавиҳуш сароғоз аз қадршиносиву таваҷҷуҳи хоса доштани меҳмонон оид ба соҳибҷашну касбу кори ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, якояки меҳмононро хайрамақдам гуфта.
Пас аз тамошои филме аз кору рӯзгори табиби саршиноси тоҷик Доктор Тоҳирӣ садри аъзам суханро ба домулло, шахсияти шинохтаи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи байналмилалии нависандагону табибон дар Тоҷикистон — Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода вогузор намуд. Номбурда бо як ҳиссиёти баланди шеърфаҳмиву шеърдонӣ оид ба паҳлуҳои гунонгунҷабҳаи рӯзгори ин фарзанди барӯманд сухан гуфта, таъкид намуданд:
Хуршедсифат, басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу пас аз он пир шавед.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев бо ҳазлу шӯхиҳояш ва бо таронаҳои дилнишинаш руҳи онҷо будагонро болида дошт.
Ҳамзамон, дар маҳфили Муллозуҳур Тоҳирӣ, ки аз рӯи барнома омода шуда буд, намоядагону донишмандони соҳаи тиб, пайвандону ҳамсабақони овони донишҷӯӣ, наберагон бо як муҳаббату самимияти хоса соҳибҷашнро таҳният гуфта, ба ишон барори кору рӯзгори бегазанд орзу намуданд. Маҳфилро ҳамчунин наметавон бидуни шеъру таронаҳои ноби Қобилҷон ва Хурсандмурод Зарифовҳо, Орзугул Хуҷамова тасаввур намуд.
Садри аъзам ва ровии хушгуфтор Аскар Ҳаким мекӯшид, то ҳарчи ин маҳфил рангину зебо гузашта, то дер дар баёзи хотирот ҷойе дошта бошад. Зимнан, ҳар нафаре, ки мехост, самимонаву бо ҳарорат дар бораи кору фаъолияти ин фарзанди барӯманди миллати тоҷик ҳарф зада, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Доктор Тоҳириро бозгӯ гаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ