Худоёрзода ба нафақа рафт, Азим Иброҳим вазир шуд

Имрӯз, 31 август бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид. Номбурда дар ин вазифа Худоёрзодаро иваз кард. Дар фармони Президент сабаби барканории Худоёр Худоёрзода баромадан ба синни нафақа гуфта шудааст. Азим Иброҳим то ин вақт муовини Сарвазир буд.

Азим Иброҳим, вазири нави нақлиёти Тоҷикистон 58 сол дошта, пештар дар вазифаи Сардори идораи геология ва раиси ноҳияи Сино кор кардааст. Ӯ яке аз муовинони фаъоли сарвазири Тоҷикистон буд ва ҳамзамон раҳбарии Комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ӯҳда дошт.

Номи Худоёр Худоёрзода рӯзи 11-уми август баъди хабари қасди худкушиаш дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Прокуратураи генералаии Тоҷикистон гуфт, ки Худоёрзодаи 62-соларо субҳи 11-уми август бо захми корд дар бемористони «Истиқлол» бистарӣ карданд.

 Прокуратураи генералӣ расман хабар дод, ки вазир қасди худкушӣ дошт ва ӯро наздиконаш наҷот доданд. Худоёр Худоёзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *