Худпарвару дастнорас. Мансаб ширин ё хизмат ба мардум?

Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои кордону лоиқ корест басо мураккабу мушкил. Дар баробари кордону соҳибтахассус будани соҳибвазифаҳо, инсон будан дар мадди аввал меистад. Зеро инсонҳои комил, ки аз сифоти неки одамӣ баҳраваранд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба амонат хиёнат намекунанд, дар пешбурди кор оқилу дар муносибат бо тобеъон соҳибтамизанд. Сурат ба ҳеҷ ваҷҳ нишонгари сирати одамият нест ва либоси фохир низ далолат аз одаму одамгарӣ намекунад… Ба қавле, “на ҳар либоси зебост нишони одамият”.

Кадр ва савганд

Фикр мекунам мавзӯи интихобкарда муҳим ва дархӯри ҷомеа аст ва дар навбати худ ҷомеа ниёз ба кадрҳои соҳибтахассус дорад. Ба қавле кадрҳо ҳама чиро ҳал мекунанд. Ба хотири он, ки кадрҳо имкону тавони ҳал кардани ҳама чиро дошта бошанд, мебояд қабл аз интихобу таъйин онҳоро аз элак гузаронд. Зеро, андак хатоӣ дар интихоби соҳибмансаби калидие метавонад латма ба армонҳои миллӣ занад, барои мухолифин сарчашмаи эҷоди туҳмату иғвопароканӣ гардад. Аммо соҳибмансабони соҳибмаърифату кордону уҳдабаро амсоли сутунҳои побарҷову қавианд, ки бинои давлатро аз ҳар гуна боду газанд эмин нигоҳ медоранд.

Вақте зумрае аз мансабпарастон аз садоқат ба миллату Ватан сухан мегӯянд, ростӣ, ки чунин ҷумлаву ибораҳои барои эшон мақбулу дӯстдоштаву обшуста танҳо ба хотири дар ҷоҳу мансаб боқӣ мондан асту бас. Дар муқобили ин зумраи манфиатҷӯ мансабдороне арзи ҳастӣ доранд, ки содиқ ба Ватану миллат ва дар кор соҳибтахассусу кордону уҳдабароянд ва манфиати миллиро болотару волотар аз ҳар гуна манофеи шахсӣ медонанд. Аксарро медонам, ки пайваста аз худ суол мекунанд: “Имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардам ва фардо аз ин беҳтару хубтар боз чӣ коре хоҳам кард?”. Бале, мардум низ дар навбати худ ҷӯёи посухи ҳамин суоланд, ки фалону фалон вазиру вакилу масъуле ҷиҳати рушди ҷомеа чӣ кори судмандеро иҷро кардаанд?

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қабл аз таъйини кадрҳои нав эшонро ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат таъкидашон месозанд, ки “дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд, то дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд”. Кадрҳои ба вазифаҳо таъйиншуда низ дар навбати худ даст пеши бар гузошта, савганд мехӯранд, ки дар вазифаи худ содиқ хоҳанд буд ва баҳри рушди кишвару ҷомеа саҳми муносиб аз худ ба ёдгор хоҳанд гузошт.

Вақт ва доғи сиёҳ

Аммо бо гузашти моҳу сол — вақт, ки довари ҳақгӯст, собит хоҳад шуд, ки кӣ кӣ аст. Мутаассифона, баъзе аз мансабсоҳибшудаҳо аз мақому манзалати худ сӯйистифода карда, аз чаҳорчӯбаи муқаррарот берун по мениҳанд, даст ба фасодкорӣ мезананд ва ба номи пуршарафи хизматчии давлатӣ доғ мегузоранд, доғи сиёҳ! Борҳо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна Пешвои миллат зумрае аз судяҳои фасодкору манфиатҷӯро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифа сабукдӯш кардааст. Чунин амалкардро дар фаъолияти ҳамарӯзаи теъдоде аз руасои шаҳру навоҳӣ низ бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳар гуна худписандиву манманиҳоро дар баробари оғоз, ба дунбол анҷом низ ҳаст: Бодовардаро ё бод мебарад, ё ин теъдод дар оташи ҷаҳлу ғурури худ сӯхта хокистар мешаванд. Агар ин теъдод ғурури миллӣ дар сар медоштанд, мардум чун резаи нон эҳтиромашон ба ҷо меоварданд… Аммо афсӯс, ки нафси эшон болост…

Дарди бедаво

Тайи рӯзҳои охир, бо ибтикор ва иқдоми Сарвари давлат чанд нафар ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ таъйин гаштанд, ки аксарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба кадрҳои ҷавон, албатта ба манфиати кор аст. Зеро кадрҳои ҷавону болаёқат, ки бо технологияи навини иттилоотӣ хуб ошноянд, дар татбиқу амалӣ кардани дастуру супоришоти Сарвари давлат ҷиҳати гузаштан ба ҳукумати электронӣ мусоидат хоҳанд кард.

Воқеан ҳам, вақте вазиру вакиле сухандон асту уҳдабарову кордону соҳибмаърифат, дар маҷмуъ ин ҳама аз ояндаи дурахшони давлату миллат дарак медиҳад. Дар чунин даврае, ки буҳрони иқтисодӣ оламро ба доми худ печонидааст, танҳо арзи ҳастӣ доштани кадрҳои ҳушманду соҳибтахассус метавонад кишварро аз ҳар гуна буҳрон наҷот бахшад.

Сарвари давлат зимни ҳар суханрониҳои худ ба таъкид мақомдоронро ҳушдор медиҳанд, ки бештар ба ҷавонони соҳибмаърифат такя карда, дар низоми молиявию бонкӣ бештар бонувону духтаронро ба кор қабул кунанд.

Як дарди бедаво — ёру ошнову маҳалбозӣ теъдоди аъзами соҳибмансабҳоямонро сироят кардааст, ки мақоли халқии “Аввал хешу баъд дарвеш”-ро шиори фаъолияти ҳамарӯзаи худ кардаанд. Маҳз фаъолияти манфиатҷӯёнаи чунин силсилатаборони мақомдор аст, ки корхонаву муассисаҳо аз фаъолият бозмондаанд. Инро дар таҷрибаи чанде аз бонкҳои кишвар хуб мушоҳида кардем, ки ҳоҷат ба шарҳ нест.

Коҳиши донишҷӯёну афзоиши муҳоҷирон

Ҳамасола садҳо нафар аз донишҷӯён макотиби олии кишварро бо ихтисосҳои гуногун хатм мекунанд. Аксарро музди меҳнати ба талаботи рӯзгору ҷайб ҷавобгӯ набуда қонеъ намесозад, ки рӯ меоранд ба тиҷорату савдо ва ё муҳоҷират. Солиёни пеш сафи довталабон ба макотиби олӣ хеле зиёд буд, чунки бо ин роҳ донишҷӯён муфт худро аз хизмати аскарӣ дур мекарданд. Акнун, ки қонуни даъват ба аскарӣ 180 дараҷа тоб хӯрд, сафи донишҷӯён коҳиш ёфта, баръакс сафи муҳоҷирон афзудааст. Хуб, ин ҷо, фикр мекунам, нақши асосиро сифат бояд бозад, на миқдор. Аз миқдори зиёди донишҷӯёни мактабхатмкардаи дипломдори ҳавасакии беҷойи кор чӣ манфиат ба миллат мерасад? Бигузор хатмкардаҳо камтар бошанду сифатан хуб, соҳибдонишу соҳибистеъдод, то миллат баҳра барад. Ва албатта муҳимтар аз ҳама, таваҷҷуҳи хоса ба соҳибмаърифатии кадрҳост, на ба маҳалу ёру ошно. Танҳо он вақт миллат миллати побарҷову қавию соҳибирода мегардад, ки ҳама ангуштони як мушт гашта, Тоҷикистонро ободу хуррам месозанд. Ва мақсаду мароми Сарвари давлат ҳам ҳамин аст…

Ин сатрҳоро иншо мекунаму лаҳзае аз зиндагиномаи нависандаи рус Лев Толстой пеши назар меояд: Вақте Лев Толстой мехоҳад савори қатора шавад, ба ӯ купейи вагонро бо тамоми шароит пешниҳод мекунанд. Толстой рад мекунад ва ба роҳбаладони қатора мегӯяд: “Дар ин дунё ҳама меҳмону муҳоҷир ва мусофир савори қатораи умрем. Чаро худро аз дигарон беҳтар донаму дар ҳуҷраи алоҳида сафар кунам? Бо мардум дар вагони умумӣ хоҳам рафт, зеро ҷузъе аз мардумам…”.

Фикр мекунам, чунин суханони пандомез ишораест ба ҳар яки мо, бахусус ба соҳибкурсиҳо, ки Президенти кишвар пайваста аз онҳо даъват мекунад: “Бо мардум бошед, миёни мардум равед, аз дарди мардум бохабар шавед, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳм гузоред…” 

Ё хато гуфтам?

Муҳиддин ИДИЗОДА, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *