Худро аз гармӣ эҳтиёт кунед!
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як эъломия ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои гарм худро эҳтиёт карда ва аз гирифторӣ ба ҳаргуна беморӣ эмин монанд.
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, ки бино ба пешбинии онҳо то як ҳафтаи дигар дар кишвар ҳаво аз 35 то 41 дараҷа ва бештар аз он гарм хоҳад шуд.Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, дар ин рӯзҳо аз истодан дар зери офтоб худдорӣ кунанд, вагарна бо бемориҳое чун гармизадагӣ, сӯхтани пӯст ва дарди сару қайкунӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. “Тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳои гармо аз истеъмоли ғизои зуд вайроншаванда худдорӣ кунанд. Бештар мева, шарбати мева ва оби минералиро истифода кардан ба маврид аст”, — гуфта шудааст дар эъломия.Пизишкон гуфтаанд, дар рӯзҳои гармӣ афроди мубтало ба бемории фишорбаландӣ ва диққи нафас шиддати гарморо беш аз дигарон эҳсос мекунанд. Аз ин гуна афрод хоста шудааст, ки саривақт доруҳои худро истеъмол карда, бештар дар ҷойҳои соя, ба мисли зери дарахту назди ҳавз биистанд. “Аз ҳамаи падару модарон низ талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад”, — изофа шудааст дар ҳушдори Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарм мушоҳида мешавад. Ҳомидҷон Расулзода, мудири Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, низ ҳафтаи гузашта гуфта буд,ки рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 43,7 дараҷа сабт шудааст, ки бесобиқа будааст. Ӯ гуфт, дар таърихи ҳавошиносии Тоҷикистон то ин замон гармтарин ҳаво дар пойтахти кишвар 8-уми июли соли 2001 сабт шуда буд, ки он рӯз ҳарорати ҳаво ба 43,4 дараҷа баробар буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ