Хук либосро бенамоз мекунад?
Равғани хук ба либос ё бадан расад, одамро бенамоз мекунад ё не?
Муҳаммадрасул, ш. Душанбе.
Ҷавоб:
Худованд дар Қуръони карим хукро палид ва нопок хондааст, чунонки мефармояд: “Бигӯ: «Дар миёни он чи ба сӯи ман ваҳй фиристода шудааст, ҳеҷ чизеро, ки хӯрдани он барои хӯранда ҳаром бошад, намеёбам, магар он ки мурдор бошад ё хуни рехташуда ва гӯшти хук, ки ҳар оина он нопок аст…”. (Сураи “Анъом”, ояти 145)
Равғани хук наҷасулайн буда, либос ва баданро бенамоз мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ