Хунук муҳоҷирро беангушт мекунад
Дар сар то сар Русия ҳоло сардиҳои шадид ҳукмфармост. Ба асари он бештар муҳоҷирон азият мекашанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро, ки ангуштонашро хунук задааст ва ҳоло дар бемористони Александровскаяи шаҳри Санкт-Петербург бистарӣ аст, табибон мехоҳанд онҳоро бурранд. Ӯ рӯзи 6 январ ба беморхона омада, гуфтааст, дастонашро рӯзи 5 январ дар ҳудуди як қитъаи сохтмонӣ дар шаҳраки Янинои ноҳияи Всеволожскаяи вилояти Ленинград сард задааст.
Дар ҳамин ҳол, табибон аз бошандагони Санкт-Петербург даъват кардаанд, аз эҳтиёт кор бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ