Хунукиҳо то кай идома меёбанд?
Ҳавои сард ва «сармои сибирӣ» дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то рӯзи 8- уми январ идома хоҳад кард.
Бино ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии кишвар, ин «сармои сибирӣ» аст, ки «аз ғарби Сибир тариқи Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст».
Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ дар як сӯҳбат гуфтааст, ки ду рӯзи ахир дар Душанбе ҳаво то 3 дараҷа сард аст ва эҳтимол дорад ин сардӣ рӯзҳои наздик ба як то ду дараҷа бирасад.
Ба гуфтаи хонум Байдуллоева, туманфароӣ ва барфрезӣ дар баъзе аз минтақаҳо то 6-уми январ идома хоҳад кард.
«Шабона аз 7 то 9 дараҷа ҳаво сард аст. Дар вилояти Хатлон, шабона ҳарорати 5-10 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард аст,»-афзуд Байдуллоева.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, ин сардӣ, то рӯзи 8-уми январ идома хоҳад кард ва ва сипас ҳаво андаке рӯ ба гармӣ меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ