Хурӯс: Соли мурғ бобаракат мешавад!

Соли наве, ки меояд, мувофиқи солшумории шарқӣ соли мурғ аст. Назари мардум дар бораи соли мурғ гуногун аст, яке онро соли пурфайз меномад, дигарӣ иддао мекунад, ки соли мурғ бе баракат мешаванд, чунки мурғон чашмгурусна буда, ҳеҷ гоҳ сер намешаванд. Дар остонаи соли нав мо бо ҷаноби Хурӯс як мусоҳибаи хандаовар оростем, то собит созем, ки мурғи зарринбол ба мардум ризқу рӯзии фаровон ва бахту саодат меорад.

-Ассалому алейкум, акаи Хурӯс!

-Во алайкум вассалом!

-Ман Рустам Азимӣ, хабарнигори…

-Газетаи “Оила”.

-Эй, корманди “Оила” будани маро аз куҷо медонед?

-Шумо, одамон гумон мекунед, ки мо, мурғон мағз надорем ва ба ғайр аз дона чида хӯрдан, ақламон ба чизе намерасад, вале хато мекунед. Мурғ барин ҷонзоди зирак дар ҷаҳон нест. Дар хонаи соҳиби ман ҳама газетаи “Оила”-ро мехонанд. Худо накарда, хӯҷаин харидани “Оила”-ро фаромӯш кунад, занаш намегузорад, ки пояшро аз дарвоза ба дарун монад. Кадбонуи хонадон бо овози баланд навиштаҳои шуморо мехонад ва мурғон низ бодиққат гӯш мекунем, ки дар дунёи одамон чӣ гапу хабарҳои тоза бошад. Баъдан, ману шумо ҳамкасб ҳастем, ҳамкасб ҳамкасбашро нашиносад, пас, киро мешиносад?!

-Ҳаминаш намерасид, ки боз як конкуренти нав пайдо шавад! Чӣ хел ҳамкасб, магар шумо ҳам журналист ҳастед?!

-Ҳар саҳар кӣ дар бораи дамидани субҳ ба мардум “информатсия” медиҳад? Хурӯс! Магар вазифаи журналист хабар додан нест?

-Ҳа, акнун мақсадатонро фаҳмидам! Акаи хурӯс, биёед аз мавзуъ дур нарафта, сари мақсад биёем. Имсол соли мурғ аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки соли мурғ чандон соли хуб нест, чунки  мурғ ҳеҷ гоҳ сер намешавад…

-Аввалаш ин ки имсол соли мурғ не, соли ХУРӮС аст, чунки мо дар Шарқ зиндагӣ мекунем ва дар оилаи шарқӣ мард, яъне хурӯс сарвар аст.

Майлаш, бигзор соли хурӯс бошад, вале имсол чӣ гуна сол мешавад? Кризис ҳоламонро табоҳ намесозад?

-Касе, ки мегӯяд соли мурғ соли бе файзу бебаракат меояд, номаъқул кардааст! Ҳамааш аз худи одам вобаста аст, агар меҳнат кунӣ, мисли мурғ ризқу рӯзиатро аз таги замин бошад ҳам, ёфта мехӯрӣ, вале бекорию кризисро баҳона карда шинӣ, вой бар ҳоли зану фарзандонат!

-Акаи хурӯс, росташро гӯям ман ба шумо ҳасад мебарем, як умр коратон арӯсбозӣ кардан гаштан аст, на парвои ширу памперс доред, на ғами картошкаю пиёз ва қанду равған…

-Арӯсбозӣ кунем ҳам, мо, хурӯсҳо нангу номуси мардона дорем ва мисли баъзе мардҳои шумо зану бачаҳоямонро партофта намеравем. Як ҳарами калонро саришта карда, ягон мокиён ё чӯҷаамонро хору зор шудан намемонем.

-Ҳарам гуфтеду як чизи аҷиб ба ёдам расид. Акаи хурӯс дар байни як ҳарам мурғ чӣ тавр мефаҳмед, ки кадомаш дар кадом лаҳза меҳрубонию навозиши шуморо мехоҳад?

-Барои инро фаҳмидан забони ишқро омӯхтан лозим додар! Мокиёнро шавқ, агар боло гирифт,

Мезанад минқор бар тоҷи хурӯс!

-Ман акнун фаҳмидам, ки мокиёнҳо ҳам шеваи ишваю нозу худро доштаанд. Акаи хурӯс, агар малол наояд, боз як сирри дигарро ба мо мекушодед?

-Бо ҷону дил!

-Бигӯед, ки тӯйи хурӯсу мокиён чӣ тавр мегузарад?

-Мо, мурғон мисли шумо, одамон тӯй мекунем гуфта, худамонро дар таги қарзу қавола намемонем. Бе хараҷу мараҷи зиёдатӣ, ҳамаамон ҷамъ шуда, каме бозию хурсандӣ мекунему баъд домоду арӯс аз паси зиндагиашон мешаванд. Ман ба шумо одамон ҳайронам. Нони серӣ нахӯрда, тӯйи дакаданг мекунед, қолинҳои туркӣ, яхдону телевизори қиматбаҳо ва рахти хоби шоҳона мехаред, вале баъзан як сол нагузашта аз ҳамсаратон ҷудо мешавед. Дирӯз ба бозори Саховат рафта будам, бовар кунед, дар растаи савдогарони куҳнафурӯш мебелҳои арӯсакони сиёҳбахти аз шавҳарашон ҷудошударо дида гиряам омад. Магар беҳтар нест, ки мисли мо, мурғон тӯяки хоксоронае ороста зану шавҳар шавед, охир хушбахтӣ дар молу мулки дунёӣ не, дар ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба ҳамдигар аст…

-Акаи хурӯс худи шумо дар зиндагӣ хушбахтед?

-Аз ман хушбахттар дар ҷаҳон нест!

-Агар махфӣ набошад, сирри хушбахтиатонро мегуфтед?

-Хушбахтии мо, хурӯсҳо танҳо ду сир дорад. Сирри якумаш дар он аст, ки хушдоман надорем.

-Магар хушдоман доштан нишонаи бадбахтӣ  аст?

-Хушдоман доштан хуб аст, агар хушдомани нағз бошад ва баҳудаю беҳуда ба зиндагии навхонадорон бинӣ нахалонад, вале баъзе хушдоманҳо чунон инҷиқ мешаванд, ки мудом аз таги нохун чирк кофта, оқибат оилаи фарзандашонро бо дасти худашон вайрон мекунанд. Барои ҳамин мегӯянд, ки

Хушдомани нағз домода дӯст медорад,

Хушдомани гандая Худо бардорад.

 

-Гуфтагӣ барин, акаи хурӯс барои чӣ шумо хушдоман надоред? Магар ҳамсаратон аз тухми мурғе набаромадааст?

-Занҳои ман ҳамаашон як модар доранд-инкубатор! Бечора хушдоманам на пойи равон дорад, ки ҳар рӯз ба хонаам ба “разведка” биёяд, на забони гуфтор дорад, ки бо неши забонаш асаби маро хароб созад. Барои ҳамин мо зиндагии орому осуда дорем.

-Хуш, сирри дуюми хушбахтиатон дар чист?

-Сирри дуюми хушбахтиам дар он аст, ки занҳои мо мисли занҳои шумо ба ман ангуштарини бриллиант, гарданбанди тилло, гӯшвори нуқра ва куртаю палтои пӯсти рӯбоҳ харида деҳ гӯён, аз гиребони шавҳар намегиранд. Мокиёнҳои мо духтарҳои боақл ҳастанд ва ба ризқу рӯзии худодод шукрона карда, аз таҳти дил ба шавҳар хизмат мекунанд.

-Хурӯс чанд сол умр мебинад?

-Ҳамааш ба мокиён вобаста аст. Зани хуб умри мардро дароз мекунад, вале Худо накарда, ба ягон занаки ҷанҷолӣ афтӣ, туро пеш аз муҳлат бо неши забонаш мекушад.

-Вақтҳои охир нархи як дона тухм дар бозору мағозаҳо ба як сомонӣ расидааст. Сабабаш дар чист? Хурӯсҳо ҳам ба гуфти Аловиддин Абдуллоев “ҷентелмен” шудаанд?

-Эй додар, Худоро шукр гӯй, ки дар Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст! Ту ҳам мисли мо 15-20 зан дошта бошӣ, дар байни як ҳафта “ҷентелмен”мешавӣ….

-Акаи хурӯс, шумо дар соли мурғ ба мардони тоҷик чӣ гуфтаниед?

-Гуфтаниям, ки мардҳо пояшонро ба пойи хурӯс дароз карда, чандтогӣ зан нагиранд, чунки қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд баромадааст ва акнун ҳар кас барои насли худ ҷавобгар аст. Дар ин замони душвор мард бошанд ва набудани ҷойи кору кризисро баҳона накарда, аз паси дарёфти ризқу рӯзии хонаводаашон шаванд. Худованд мардро барои он офаридааст, ки мисли сутуни устувор такягоҳи зану фарзандонаш бошад. Ҳамин рисолати азалии худро фаромӯш накунанд! Соли нав ба ҳамаатон муборак бошад!

Рустам Азимӣ

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *