Хуросон. Чаро фурӯшандаҳоро ҷарима карданд?
Масъулини Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Хуросон чанд нафар фурўшандаҳои маҳсулоти хурокаро ҷарима карданд. Онҳо ба қоидаҳои санитарӣ ва муҳлати нигаҳдории маҳсулот чандон аҳамият надодаанд.
Нурмуҳаммад Тағоймуродзода, ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Хуросон ба Pressa.tj гуфт, ки дар чор моҳ 78 пратаколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ӯ мегўяд, ба хотири ба таври ҷиддӣ риоя накардани тозагӣ дар бозору ошхона, фурўшӣ маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ва надоштани дафтарчаи ҳатмии тиббӣ фурўшандаҳо ва шахсони мутассадӣ ҷарима шуданд. Боз беш аз 20 огоҳнома додаем, — афзуд вай.
“Дар соли 2023-ум дар маъмўъ 96 пратакол доштем. Танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ, аллакай 78 пратакол тартиб додаем. Мутахассисони марказ назоратро пурзур кардаанд ва онҳое, ки дар доираи талабот фаъолият намекунан ҷарима хоҳанд шуд”.
Нурмуҳаммад Тағоймуродзода мегўяд, ҷаримаи супорида то имрўз наздики 10 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Боқимонда онҳое, ки ҷарима шуданд марҳила ба марҳила пардошт мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ