Хуросон: Харобиҳои сел бартараф ва хонаҳо сохта мешаванд (аудио)
Ҳанӯз 20-уми июни соли 2022 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бар асари боридани борони зиёд сел омада, ба сокинон зарар расонид. Дар натиҷаи ин офати табиӣ се хона пурра вайрон шуд ва ба каму беш 30 хонаи дигар обу лой даромадааст.
Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки ҳоло гуруҳи корӣ барои бартараф кардани зарари расида аз офати тибиӣ кор карда истодаанд. Ӯ мегӯяд, ки соатҳои 14 ба 15-и баъди нисфирӯзӣ аз боришоти зиёди борон хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишт ва дигар иншооти ёрирасони чанде аз сокинон дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон зарар дидаанд. Ӯ афзуд, ки сел аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбой, дараи Оқсу омадааст.
“Ҳоло гуруҳи корӣ фаъолият дорад. Вале, бино ба маълумоти пешакӣ, 3 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст ва ба 30 хонаи дигари шаҳрвандон обу гил даромадааст. Бар асари ин офати табиӣ кишти зироати сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ хароб шудааст. Баъдан, ба насосҳои обкашу қубурҳои обгузар, хатҳои барқ ва роҳи мошингард зарар расидааст”,- афзуд ӯ.
Муҳаммад Азизулло, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо Pressa.tj тасдиқ кард, ки бар асари омадани сел се хона пурра хароб шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло комиссияи мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. “Мақомоти маҳаллӣ хонаҳои харобшудаи сокинонро пурра, дар вақти кӯтоҳ барқарор мекунад”,- афзуд вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ