Хуросон: Муовини вазири тандурустӣ захмишудагони садамаи нақлиётиро аёдат кард

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки 17 август бар асари садамаи нақлиётӣ захмӣ гардида, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ гардидаанд, шинос шуд.

“Аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон, ҳамзамон, Ғафур Муҳсинзода бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад,  ки дар ин садамаи нақлиёттӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаанд.  11 нафарашон бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ шуда, 1 нафар бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, айни ҳол вазъи сиҳатии 3 нафари ҷароҳатбардоштагон вазнин, 6 нафар дар ҳолати муътадил буда, 2 нафари онҳо дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *