Илҳои Аҳмадзода

Хуросон: Насби насоси обкашӣ бо харҷи 5 миллион сомонӣ

Дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо харҷи панҷ миллион сомонӣ насоси обкашӣ насб шудааст. Ин иқдоми наҷиб бо ибтикори соҳибкори ҷавони тоҷик Исмоили Маҳмадзоир амалӣ шудааст.

Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо истифода аз ин насос 15 ҳазор аҳолӣ ва беш аз 560 гектар замин бо об таъмин хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ноҳияи Хуросон қисмати бештари сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин нестанд.

Каму беш чор сол қабл масъулини ноҳия иддао доштанд, ки ташкилоти JICA-и Ҷопон бо харҷи зиёда аз 55 миллион доллар сокинони ноҳияи Хуросонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мекунад. Вале, ба гуфтаи мутасаддиён, хурӯҷи бемории коронавирус ба амалишавии ин тарҳи муҳим монеа шуд.

Илҳом Аҳмадзода ҳам иддао кард, ки “соли 2020 бемории коронавирус пайдо шуду ин масъала монд. Мо чанд маротиба ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мактуб кардем. Аммо ин масъала монд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *