Хурсандмурод Зарипов: Қадр кардани ҳунарманд муҳим аст

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зариповро, ки ҳоло мудири кафедраи сарояндагии халқии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошанд, дар ҷойи корашон пайдо кардем. Бо эшон доир ба фаъолияти омӯзгорӣ, таваҷҷуҳи ҷавонон ба санъати суннатӣ, махсусияти таҳсили олӣ кардани сарояндагон, интихоби дурусти матну эҷоди оҳанг ва муҳимияти унвону арҷгузорӣ ба эҷодкор суҳбат кардем.

— Устод, чун ҳоло дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қарор дорему ин ҷо Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтед, мехоҳем суҳбатамонро аз фаъолияти шумо дар ин даргоҳ оғоз кунем. Ҳоло коратон дар донишкада чӣ хел аст?

— Сараввал аз минбари баланди ҳафтаномаи “Оила” ҷашни Наврӯзро ба ҳама ҳамватанонамон таҳният мегӯям. Шукр, корам ин ҷо хуб аст, бо шогирдон кор мекунем, мекӯшем, ки ҳарчи бештару беҳтар кадрҳои хуб омода кунем.

— Доир ба таваҷҷуҳи ҷавонон ба санъати суннатӣ чӣ гуфта метавонед?

— Нисбат ба чанд соли пеш шавқу рағбати ҷавонон ба сурудҳои анъанавӣ, фалак, шашмақом ва ғайраҳо беҳтар шуда истодааст. Ба бачаҳо ҳоло устодони бисёр хуб дарс мегӯянд, ки ин омили муҳими рушди ҳунар аст.

— Оё мумкин аст, ки бигӯем дар баробари таваҷҷуҳи зиёд сатҳи таълиму касбомӯзии бачаҳо низ боло рафта истодааст?

— Бешак, ҳамин гуна аст. Сол аз сол сатҳу сифат хеле беҳтар шуда истодааст. Дастгирии роҳбарияти донишкада ва кӯшишу заҳмати устодон ба бачаҳо илҳом бахшида, онҳо бо шавқ таҳсилу кор мекунанд.

— Умед ҳаст, ки шогирдони шумо майдони сарояндагии касбиро пур мекунанд?

— Албатта, хатмкунандаҳои мо дар ансамблҳои хубу овозадори кишвар – “Фалак”, “Дарё” “Шашмақом” ва ғайраҳо кор мекунанд, ки ин шаҳодати касбияти хуби онҳост. Агар кадрҳои хубу боистеъдод намебуданд, дар чунин ансамблҳо ба кор қабул намешуданд.

— Оё дар донишкада барои нузукиҳои касбро аз худ кардани донишҷӯён усули “устоду шогирд” таҷриба мешавад?

— Албатта, аслан мусиқии суннатӣ тариқи услуби “устоду шогирд” омӯзонида мешавад. Яъне, бо бачаҳо рӯ ба рӯ мешинем ва болои асари муайян якҷо кор мекунем. Ҳамроҳи мо навозандагон низ иштирок мекунанд ва ин услули кор хеле натиҷаи хуб медиҳад.

Дастовардҳои бачаҳо чӣ гунаанд?

— Бисёр хуб. Соли гузашта дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз факултети мо чор нафар соҳиби ҷойҳои якуму дуюму сеюм гардиданд. Кӯшиши бачаҳо зиёд аст, онҳо мақсадҳои бузург доранд.

— Шумо ҳамчун устод маҳсули эҷоди шогирдонатонро таҳлилу баррасӣ мекунед, эрод мегиред, роҳ нишон медиҳед. Донистан мехоҳем, ки шогирдонатон ба маҳсули эҷоди шумо чӣ гуна бархурд мекунанд?

— Ба шогирдонам аксари сурудҳоямро дастрас кардаам, сурудҳои навамро худашон ёфта, гӯш мекунанд. Назарашон нек аст. Агар эродро дар назар дошта бошед, то ҳол ин корро накардаанд, аммо ман омодаам фикри ҳамаро гӯш кунам.

— Шумо аз кай дар ин ҷо кор мекунед?

— Аз соли 2018 дар донишкада ҳамчун мудири кафедраи сарояндагии халқӣ фаъолият мекунам.

— Кори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев чӣ?

— Кори филармонияро тарк накардаам. Бояд бигӯям, ки соли 1985 донишкадаро хатм кардам ва бо роҳхати вазорат бояд ба Филармонияи давлатӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (он замон филармония ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) буд) ба кор мерафтам, аммо аввал монанди дигар ҷавонон якуним сол хизмати аскариро анҷом додам ва пасон ба кор даромадам. Аз соли 2009 то 2018 дар филармония ансамбли “Шашмақом” ташкил шуд ва онҷо роҳбар будам. То ҳол дар филармония ним баст кор мекунам. 

— Ба онҳое, ки маълумоти сарояндагӣ надоранд, чӣ гуна бархурд мекунед?

— Бархурди ман мусбӣ аст. Мо бисёриҳоро мешиносем, ки маълумоти олии сарояндагӣ надоранд, аммо истеъдоди Худодод доранд ва хеле муваффақанд. Муҳимтарин рукни овозхонӣ ин доштани истеъдоди Худододист. Вале ба ҳар ҳол агар таҳсили расмии касбӣ гирифта шавад, дарку фаҳмиш зиёд мегардад, хато кардан кам мешавад. Дар ин замоне, ки шароити созгор муҳайёст, таҳсил кардан ба фоидаи кор мебошад. Масалан, писари ман Ҷаҳонгир Зарипов солҳои зиёд аст, ки сароянда аст ва то андозае шинохта шудааст, аммо акнун дар донишкада ҳамчун маълумоти дуюм дар бахши овозхонӣ таҳсил карда истодааст.

— Таронаҳои зиёди дуовозӣ доред бо Ҷаҳонгир, идеяи сурудҳо аз ҷониби кӣ ҳастанд?

— Аслан чаққону идеядеҳ Ҷаҳонгир аст. Барои мисол, яке аз сурудҳои дуовозии мо, ки хеле машҳур шуд “Шаби маҳтоб” ном дорад. Суруди мазкурро ман соли 1992 суруда будам. Рӯзе Ҷаҳонгир пешниҳод кард, ки онро бо асбобҳои замонавӣ ҳамроҳ бозхонӣ кунем. Ман қабул кардам ва онро омода карда, дар барномаи консертие, ки бахшида ба 60-солагиам буд, якҷо хондем. Метавон гуфт, ки “Шаби маҳтоб” пас аз солҳои зиёд, боз шунавандаи худро ёфт.

— Нисбати сарояндаҳое, ки матни нохуб доранд, чӣ назар доред?

— Ҳоло теъдоди чунин касон кам шудааст. Чанд сол пеш хеле зиёд буданд, вале чунинҳо як мебароянду боз нопадид мешаванд. Назари ман он аст, ки булҳавас шудан даркор нест, санъат бояд ба мардум хизмат кунад ва санъаткор корашро аз таҳти дил иҷро намояд.

— Дар Телевизиони Тоҷикистон чанде аз сарояндагонро барои матн ва либоси нохуб танқид карданд. Бигӯед, ки дар он миён аз шогирдони шумо ягон кас буд?

— Хушбахтона, касе аз шогирдони ман дар он рӯйхат набуданд. Дар ин росто, бояд бигӯем, ки ҳама кору ҳама касб меъёр дорад. Кори сарояндагӣ ҳам меъёру махсусияти худро дорад ва он бояд дар доираи фарҳангу ахлоқи миллӣ бошад. Чунин сарояндаҳо ба насли ҷавон таъсири нохуб доранд ва хуб мешавад мантҳои хубро интихоб кунанд.

— Шумо матнҳои сурудҳоятонро чӣ гуна интихоб мекунед?

— Ман аз шогирони классику муосир матнҳоро интихоб карда, худам оҳанг мебандаму месароям.

— Шумо эҷодкоред, гузашти синну сол ба эҷод чӣ гуна таъсир мерасонад?

— Ба ҳар кас ҳар хел таъсир мерасонад. Ҳастанд эҷодкороне, ки солор мешаванд ва рӯҳан қавӣ мегарданд ва боз ҳастанд касоне, ки хаста мешаванд.

— Доир ба унвон, арҷгузорӣ ба ҳунаратон чӣ гуфта метавонед?

— Ман унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистонро соли 1996 гирифта будам. Аммо то ҳол ба худам савол намедиҳам, ки чаро Ҳунарманди халқӣ нашудам, зеро ҳастанд унвондороне, ки халқ онҳоро намешиносад. Дар мавриди муҳимияти арҷгузорӣ ба ҳунару ҳунарманд бошад, бояд гуфт, ки қадр кардани ҳунарманд муҳим аст. Масъулиятро зиёд мекунад.

— Дар охир бигӯед, ки сурудҳои наватонро кай интизор шавем?

— Аз эҷод дур нестам, сурудҳои нав ҳам ҳастанд. Ҳоло толори Филармонияи давлатиро таъмир доранд, ҳамин ки кор тамом шуд, ҳатман барномаи консертиамро барпо мекунам.

Мусоҳиб Меҳрубон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *