Хуршед Мустафоев: Барои ҳамеша танҳо будан ба дунё омадаам

Бо ҳунарманди маъруфи театр ва синамо, саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Хуршед Мустафоев ба муносибати 45-солагиаш доир ба хостану нахостани таҷлили зодрӯз, вазъи оилавӣ, танҳоӣ, ҳолати имрӯзаи театр, сатҳи намоишномаҳо, омили аслии унвон нагирифтанаш, саҳнаҳои маҳрамона дар филмҳо ва нақшаву умедҳои ояндааш суҳбат кардем, ки ҳамакнун манзури хонандагон мегардад.

— Шумо чанд рӯз қабл зодрӯз доштед, онро чӣ гуна қайд кардед?

— Аслан дӯст намедорам ин ҷашнро. Ҳар сол пеш аз зодрӯзам ғамгин мешавам, табъам хира мегардад. Аз оне, ки сол то сол пир мешавам, ҳолати аҷиб маро фаро мегирад. Аз ҷониби дигар, дӯстони зиёде дорем, ки аз қисмати бегоҳи рӯз бо онҳо вақтамро хуб мегузаронам. Диламро ба оянда гарм мекунанд ва суханҳои хуб мегӯянд. Умед медиҳанд, ки бо гузашти солҳо ҳунарамро сайқал дода, корҳоям пухтатар шуда истодаанд.

— Яъне, дӯстон ба табрикатон меоянд ва намегузоранд, ки шумо зиёд ғамгин шавед. Бигӯед, ки аз кай ин ҷониб бо чунин шакл зодрӯзатон мегузарад?

— Ду-се соли охир. Буданд солҳое, ки умуман зодрӯзамро умуман қайд намекардам. Танҳо мемондам ва касеро на даъват мекардам ва на мепазируфтам. Бо худаму фикрҳояму корҳоям мемондам.

— Шумо 45-сола шудед, аммо 10-15 сол ҷавон менамоед, чӣ сир дорад?

— Ҳар касе мефаҳмад, ки 45-сола ҳастам, бовар намекунад. Ростӣ, намедонам аз чӣ сабаб намуди зоҳириам ба синну солам мувофиқ нест. Шояд Худо чунин мехоҳад. Аз ҷониби дигар, шояд ҷавон намуданам ба санъат ва корам вобаста бошад, зеро як хосияти касби актёрӣ ҳамеша инсонро ҷавон нигоҳ доштан аст. Яъне, ҳамеша барои пагоҳ кор дорӣ ва дар талош ҳастӣ. Вақти пиршавӣ надорӣ (механдад).

— Барои шумо зодрӯз чӣ маъно ва аҳамият дорад?

— Умуман таваллуд шудану зиндагӣ кардан имтиҳон аст. Яъне, мо чӣ гуна аз ин имтиҳон мегузарем ва дар умри доштаамон чӣ корҳоеро ба фоидаи худу атрофиён ва Ватан анҷом медиҳем. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба одамон фоидаам бирасад. Мехоҳам дар забони мардум як ҷумла бошад: “Хуб шуд, ки Хуршед таваллуд шудааст ва ба мо ёрӣ расонид”. Ман кӯшиш мекунам, ки касеро наранҷонам ва ба нафаре зарарам нарасад.

— Умри гузаштаро фикр мекунед?

— Албатта, бештар доир ба кори эҷодиам фикр мекунам. Ҳатто баъзан барои нақшҳои иҷро кардаам, ки шояд ҳоло он қадар писандам нестанд, афсӯс мехурам. Ман инсони эҳсосиам ва бисёр фикр мекунам дар бораи рӯзҳои гузаштаам ва кӯшиш мекунам, ки корҳои хубамро такрор намоям.

— Чун мусоҳибаамон барои ҳафтаномаи “Оила” аст, мехостем бифахмем, ки шумо кай оиладор мешавед?

— Ин мавзӯи дарднок аст барои ман ва аслан он қадар намехоҳам суҳбат кунам. Бештари мардум медонанд, ки ман дӯстдошта доштам ва 8 сол якҷо будем. Шояд тақдир аст, ки мо аз ҳам ҷудо шудем ва то ҳол ман танҳоям. Фикр мекунам, ки ман барои ҳамеша танҳо будан ба дунё омадаам.

— Як шабонарӯзатон чӣ гуна мегузарад?

— Пештар рангинтар мегузаштанд, аммо ҳоло рӯзҳоям ба кори театру дубляж мегузараду шабҳо то бевақтиҳо ба хондани китобҳо барои омодагӣ ба намоиш гузоштан сарф мешаванд. Яъне, худамро ба кор бахшидаам ва ҳамин тавр зиндагӣ кардан мехоҳам.

— Аз зиндагӣ, аз умри боқимонда чӣ мехоҳед?

— Ягона чизе мехоҳам, саломатӣ аст. Саломатӣ ба хотире, ки ба ҷамъият фоида оварам, зеро ҳеҷ кас бо ҷисми дардманд фоидаовар нест. Худоро шукр, ҳоло саломатиам хуб аст ва бисёр орзу дорам, ки бардавом бошад.

— Мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?

— Ҳар кас андешаи гуногун дорад. Шахсан ман барои ба ҷамъият фоида расонидан зиндагӣ мекунам. Вақте ки ба як нафар фоида мерасонам ё касе аз маҳсули эҷодам ғизои маънавӣ гирифта, каф мекӯбад, бисёр хурсанд мешавам ва худро хушбахт меҳисобам. Ман он замоне хушбахтам, ки касеро хушбахт мекунам.

— Чанд сол пеш гуфта будед, ки театри тоҷик дар ҳоли сукут қарор дорад ва боз гуфта будед, ки театр оинаи зиндагист, аммо имрӯз оинаи мо беҷилост. Оё фикратон дигар шудааст?

— Ҳар ҳодисае дар театр ва кино сабт шуда, таҳия мешавад, ҷузъе аз зиндагии мо аст. Театрҳои мо ҳунармандону коргардонҳои хуб доранд, аммо намедонам чаро кори саҳнавиашон коста аст. Хоҳиш надоранд, хоҳиши кор кардан, хоҳиши дар саҳна зиндагӣ намудан хоҳиши фоида овардан надоранд. Вақте ки ман бо дӯстонам аз театрҳо суҳбат мекунам, дарк мекунам, ки хоҳиш надоранд. Боз медонам ҷавононеро, ки хоҳиш доранд, аммо калонсолон хоҳишашонро мекушанд, намегузоранд, ки онҳо корҳои бузург кунанд.

— Дар мо бисёр мегӯянд мардум ба театр намеравад, оё ҳамонҳое, ки чунин гила мекунанд, худашон ба театр мераванд?

— Чунин суханро бештар ҳунармандон, коргардонҳо ва журналистон мегӯянд, аммо худашон ҳадди ақал ба нахустнамоишҳо намераванд.

— Шумо чандест фаъолияти коргардонӣ карда, вазифаи саркоргардони театрро ба уҳда доред. Коргардон будан чӣ гуна масъулият аст ва оё хаста нашудед?

— Соли дуюм аст, ки масъулияти саркоргардонии театрро бар душ дорам. Бисёр масъулияти бузург аст, вақте ки ҳам ҳунармандӣ ва ҳам коргардонӣ мекунӣ. Аслан, ман ҳунармандам, коргардон нестам, аммо вақте ки бовар карданд, кӯшиш мекунам, ки бовариро нашиканам.

Мушкили асосии театри тоҷик кадом аст?

— Хоҳиш надорем, хоҳиш бошад ҳама корро кардан имкон дорад. Коргардон надорем? Дорем! Аммо хоҳиши кори бузургро анҷом доданро надорем.

— Шумо чанд сол дар интизори унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» будед, аммо имсол ҳам гузашту аз унвон хабаре нест. Оё ҳоло ҳам интизоред?

— Аслан ҳар ҳунарманд дар интизори ҳамин рӯз аст. Ман низ интизорам, ки рӯзе қадрам мекунанд.

— Доштани унвон ба ҳунарпеша чӣ медиҳад?

— Шахсан барои ман доштани унвон маъноеро дорад, ки барои ҷомеа лозим ҳастам. Нишонест, ки хизмате кардаам, аммо фикр мекунам, шояд то ҳол кори лозимиро анҷом надодаам, ки унвон надорам.

— Дар филми “Вақте ки болои шаҳр борон меборид…” нақш офаридаед ва дар он ду лаҳзаи маҳрамона ҷой дорад, чӣ гуна шумо он нақшро қабул кардед?

— Аслан ман розӣ набудам. Ёдам ҳаст, ки ҳам бо муаллифи сенария ва ҳам бо коргардон баҳсҳои зиёд доштем. Фикрам ин буд, ки дар филмҳои мо, ки мусалмон ҳастем, бояд чунин саҳнаҳо набошанд. Баъдан коргардон гуфт, ки ин лаҳзаҳоро танҳо барои дар Россия нишон додан мегирем, аммо дар нахустнамоиш вақте ки саҳнаҳоро дидам, шок шудам. Ҳамин тавр, маро фиреб карданд.

— Шумо дар студияи театр шогирдони зиёд омода мекунед. Оё онҳо вафодор мемонанд?

— Шогирдони зиёд тарбия кардем. Ҳастанд вафодорон, ки ҳоло дар театр кор мекунанд ва аз онҳо умеди зиёд дорем.

— Дар умум аз донишҷӯён ва хатмкунандагони риштаи актёрӣ ва режиссёрӣ чӣ интизориҳо доред?

— Касби актёрӣ хеле душвор аст. Бисёриҳо назди мо меоянд ва вақте ки асли ҳунарро мефаҳманд, даст мекашанд. Ҳунарпеша будан гурусна мондан аст, бепул будан аст ва ин ҳама то маъруф шудан давом мекунад. Вақте ки ҳамчун ҳунарманд ё коргардон корҳои хубро анҷом додӣ ва шинохта шудӣ, харидори зиёд пайдо мекунӣ ва зиндагиро пеш бурдан осон мегардад.

— Ташаккур барои суҳбати ошкоро.

— Саломат бошед.

Мусоҳиб: Сино ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *