Хуршед Сатторов ба Бухоро меравад

Тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ин навбат Тоҷикистонро дар 17- умин фестивали анъанавии «Абрешим ва пироҳан», ки  аз 26 то 28 майи соли равон  дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон  баргузор мегардад, муаррифӣ менамояд.

Тавре Хуршед Сатторов иброз намудааст, дар ҷараёни ин сафар,  ба ҷумҳурии ҳамсоя ӯ дар ду чорабинии намоиши либос ширкат меварзад.

«Ба ғайр аз иштирок дар ду намоиши либос,  дар алоҳидагӣ маҷмӯаи либосҳои тарҳрезикардаи баҳории худро, ки  аз  кӯлоҳҳо ва сарбандҳо   иборатанд, зери унвони «Духтарони дарбор» ба намоиш мегузорам. Ба ин васила, бо пешниҳоди ин  маҷмӯа  мехоҳам нишон диҳам, ки    миллати  тоҷик тоҷ бар сар, яъне аз қадим  соҳибдавлат буд. Ин маҷмӯаи либосҳо бозгӯи таърихи кӯҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷик мебошанд»,- гуфт Хуршед Сатторов.

Ба иттилои номбурда, ҳамчунин як зумра ҳунармандони ҷумҳурӣ  дар ин фестивал иштирок намуда, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумиро  ба намоиш мегузоранд.

Хотиррасон мешавем, ки дар фестивали мазкур  гурӯҳҳои фолклорӣ ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин  намунаи бозиҳои шавқовари миллӣ, навъҳои гуногуни санъати миллӣ ва  муди либос аз  маҷмӯаи  тарроҳони  машҳури  ИДМ  пешниҳоди иштиокдорон  мегардад. Мақсад аз баргузории фестивали мазкур ҳифзу нигоҳдошти мероси пурғановати фарҳангӣ, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли  наққошӣ, заргарӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо  мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *