Хуршеди Салто: “Гумон набаред, ки ман хурд ҳастам…”
Дар оғози ин гуштигирӣ касе бовар надошт, ки Хуршеди Салто бо ҷуссаи резааш рақиби девпайкари худро ҳатто аз ҷояш ҷунбонда тавонад. Вале Хуршед бо як ҳалуки боварнокарданӣ ҳарду пои он паҳлавони танумандро аз ҳаво овард.
Навори ин гуштии Хуршед Салторо дар сомонам Ахбор. комм қариб 10 ҳазор кас таомошо кардаанд. Аз ҷумла, Усто Устопиров, паҳлавон ва мураббии хушноми тоҷик ва падари паҳлавони дигари мо Комроншоҳи Устопириён таассуроташ аз ҳунару маҳорати Хуршеди Салто дар муқобили рақиби девпайкарашро бо ин байт аз «Шоҳнома”-и безавол хулоса кардааст:
Ҳар он ки ба гуштин набард оварад,
Сари меҳтаре зери гард оварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ