Хуруҷи бемории Зайд Саидов дар зиндон
Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва тоҷири маъруф, дар саҳифаи Facebook хабар дод, ки падараш дар маҳбас гирифтори бемории монанд ба коронавирус шудааст ва илова бар ин дарди меъдааш низ хуруҷ кардааст.
Дар муроҷиати худ Хайрулло Саидов аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост мекунад, ки ҳамаи маҳбусони синни аз 60-сола боло, ки “хатаре ба таъмини амният надоранду ин кор дар аксари кишварҳо сурат мегирад”, аз зиндонҳо озод карда шаванд.
Хайрулло Саидов вобаста ба ин вазъи пешомада аз мақомот хостааст, «ки синну сол ва гирифтор будан ба дарди меъдаву маълул будани падарамро ба назар гирифта, дар қатори вай зиндониёни синашон аз шаст болоро, ки ба ҷомеа хатаре надоранд, ҳар чи барвақттар озодиашонро фароҳам оваранд. Ҳадди ақал дар чунин вазъияти ногувор мо фарзандон барои муолиҷааш имконият пайдо намоем ё ба беморхонае барои табобат интиқол диҳем.”
Бояд гуфт, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19 майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Париж боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, мусодира ва миллӣ карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ