Хушқадам тиллои худро дар Маскав аз дасти 15 давлат рабуд
Хушкадам Хусравов, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, медали тилло ба даст овард.
Ӯ дар шаҳри Маскав (вазни 64 кило) ба дар майдон қувваозмоӣ кард. Тавре Хилватшоҳи Маҳмуд, журналист дар Фейсбук менависад, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик 25.03.2021 дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев дар шаҳри Маскав (вазни 64 кило) ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, дар қисмати ниҳоӣ Ҳомидҷон Муминови ӯзбекистониро шикаст дод. Акнун Хушкадам Хусравов дуввумин бор барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев шуд. То даври ниҳоӣ Хушқадам Хусравов се ҳарифи дигарашро шикаст дод.
Баробари Хушқадам Хусравов дар ин сабқат, самбочиёни маъруф Акмалиддин Каримов (58 кг), Деваштич Убайдӣ, Сорбон Сулаймонов (ҳарду дар вазни 71 кг) ва дигарон дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Юнон ширкат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ