Хушдоман келинро ба худкушӣ водор кард
Суди ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келинаш 5 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки Саломат Қодироваи 49-сола, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич келини хонадон Мадина Маҷидоваро ба худкушӣ расонидааст.
Ба иттилои манбаъ, хушдоману келин дар як коргоҳ кор мекарданд ва Қодирова “нисбати келини худ бадгумонӣ карда, ӯро барои доштани муносибати маҳрамона бо ронандаи корхона гунаҳгор мекард”.
Саломат Қодирова ба баҳонаи “рӯйпӯш кардани муносибат бо келинаш” ва таҳдид (шантаж) аз ронандаи корхона 8,5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Келин ба таҳдиди хушдоман тоб наоварда, моҳи январи соли 2024 бо қасди худкушӣ дору мехӯрад. Аз ин кор волидонаш бохабар шуда, ба табибон муроҷиат мекунанд ва Маҷидова зинда мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ