Хушдомани нав рӯзамонро шаби тор гардонд
Ману хушдоманам мисли очаю духтар бо ҳамдигар меҳрубон будем. Ҳама кору бори хонаро якҷоя карда, ба куҷое, ки наравем, ҳамроҳ мерафтем.
Ҳаққу ҳамсояҳо ба мо ҳасад мебурданд. Намедонам чашми бад расид ё тақдир чунин буд, ки баъди соҳиби ду фарзанд шудани ман модаршӯи меҳрубонам ҳамагӣ як ҳафта бемор шуда, аз олам чашм пӯшид. Рӯзи ҷанозаи хушдоманам чунон рӯю мӯямро канда гиряву нола кардам, ки одамони ба ҷаноза омада ҳайрон шуда “ин қадар бо алам гиря мекунад, гӯё модараш мурда бошад” гуфтанд. Модаршӯям дар ҳақиқат барои мо, келинҳо мисли модар буд ва ҷигари ҳамаамон барои ин зани зебои меҳрубону хоксор месӯхт. Хушдоманамро бо дили хунчакон ба хок супурдему аз байн шаш моҳ нагузашта хусурам ба хона як зани сип-сиёҳи маймунбашараро овард. Писару духтарҳояш норозигӣ карданд, ки монед, ақаллан сари соли модарамро диҳем, вале мӯйсафед: “ хоҳад-нахоҳед, ин занак бо ман мемонад, маъқул набошад, кӯчу бандатонро гирифта баромада равед” гӯён, ҳамаро лол гардонд. Зани нави хусурам бар замми хунукбашара буданаш боз танбали гузаро аст. Вай аз худ ҳокими мутлақ тарошида ҳар рӯз ба мо, келинҳо фармонфармоӣ мекард. Худаш то нисфирӯзӣ хук барин мехобиду баъд чашмонашро молида- молида аз дар мебаромад ва нону оши тайёрро хӯрда, ба ҷойи раҳмат гуфтан ба ҳар як кори мо айбу эрод мегирифт. Оқибат ҷонам ба лабам расид ва хостам ин зани бефаросатро дар ҷояш шинонда монам, то ҳадди худро донад. Баҳсамон ба кашмакаш ва рӯканию мӯканӣ табдил ёфт. Авсунҳоям моро базӯр аз ҳамдигар ҷудо карданд. Бегоҳ аҷинаи бадрӯй ҳамаашро ба хусурам гуфта, шикоят кардааст. Мӯйсафед шавҳари маро як шаппотӣ зада, амр кард, ки дар нимаи шаб кӯчу бандамонро гирифта аз назараш дафъ шавем. Шабро дар хонаи як ҷӯраи шавҳарам рӯз карда, аз сари субҳ ба кофтукоби иҷорахона даромадем. Шукри Худо хонаеро иҷора гирифта, аз ғурбат халос шудем, вале дилам ба ҳоли авсунҳоям месӯзад. Бечораҳо аз дасти зани золими хусурам рӯз надоранд. Мақсад аз навиштани ин мактуб дар он аст, ки келинҳо ба қадри хушдоманҳои меҳрубони худ бирасанд, мӯйсафедон бошанд, ҳушёр шаванд ва ба васвасаи зани ҷавон гирифтан афтида, ҳар касофати пешомадаро ба хона оварда, рӯзи фарзандону наберагонашонро сиёҳ накунанд.
Фазолат, ноҳияи Ёвон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ