Хушхабар барои муштариёни “Вавилон Мобайл”

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми август, “Вавилон Мобайл” тамоми дақиқа, SMS ва мегабайтҳои истифоданашударо ба моҳи дигар мегузаронад.

Гуфта мешавад, ки бо дархости муштариёни “Вавилон Мобайл” аз 1.08.2023 дар ҳама нақшаҳои тарофавии мавҷудаи ширкат тамоми дақиқаҳо, SMS ва мегабайтҳои истифоданашудаи ба нақшаи тарофавӣ дохилшуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.

— Акнун муштариёни ширкат метавонанд бемалол ба тарофаҳои бо пардохти бештари абонентӣ гузаранд, ки арзиши миёнаи захираҳои пешниҳодшуда дар онҳо арзонтар аст. Ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд бо пули камтар — захираҳои бештар ба даст оранд. Опсияи мазкур ройгон пешниҳод карда мешавад ва бидуни истисно барои ҳамаи тарофаҳои ширкат ба таври худкор фаъол карда мешавад. Агар қаблан муштариён оид ба миқдори трафики боқимонда дар ташвиш буданд, минбаъд дигар ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест,- хабар медиҳад “Вавилон Мобайл”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *