Хушхабар: Сокини Душанбе донишҷӯйи соли Тотористон шуд

Дар Қазон (Тотористон, Русия) озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол-2022”-ро натиҷагирӣ карданд. Соҳиби шоҳҷоиза магистранти Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон Раҳматҷон Халилов гардид.

Бино ба иттилои Хонаи русӣ дар Душанбе (Русский дом в Душанбе) дар саҳифаи фейсбукиаш, беҳтарин донишҷӯи сол дар Тотористон ҷоизаро аз муовини аввали раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии ФР Андрей Турчак ва раисҷумҳури Тотористон Рустам Миннихонов қабул кардааст. Раҳматҷон ба ҷуз ин унвон имкон пайдо кардааст, ки тавассути барномаи муайян дар дилхоҳ донишгоҳи дунё таҳсилашро идома диҳад.

Бояд гуфт, ки Раҳматҷон зодаи шаҳри Душанбе буда, дар мактаби рақами 20 ба номи А. С. Пушкин ва литсейи рақами 1 барои бачагони болаёқат таҳсил кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *