Хушксолӣ боиси қиматшавии орд гардид
Дар Тоҷикистон болоравии нархи ордро ба камҳосилӣ дар давлатҳои содиркунанда рабт доданд
Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ва Россия ворид карда мешаванд, хабар додааст «Ховар».
«Имсол бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад», — гуфтааст Абдуқодир Ятимов.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, соли равон дар кишвар 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд ҳудуди бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Аз рӯи маълумотҳо охир ҳоло дар бозорҳои кишвар як халта ордро ба 260 то 280 сомонӣ мефурӯшанд.
Ба гуфти мутахассис соли равон дар майдони 213 ҳазору 87 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ кишти гандум гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 9193 гектар зиёд мебошад.
Дар Ҳукумати кишвар низ гуфтаанд, ки барои пешгирии баландшавии нархи орду гандум, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал татдбирҳо андешида шуда, барои иҷрои он мақомоти дахлдор вазифадор гаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ