Хушвахтзода ба донишҷӯёни ДМТ имтиёз дод

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуд.

Тавре ки аз  раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сомонаи Pressa.tj хабар доданд, ин иқдоми ректор дар остонаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти кишвар ба хотири дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ гирифта шудааст.  

“Ташаббуси хайрхоҳонаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моро хушҳолу болидарӯҳ намуд. Дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ, 30 – солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти меҳандӯст ва пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуданд. Ин амали ҷавонмардонаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон туҳфаи арзишмандест, барои куллӣ онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд ва имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур илм меомӯзанд… Ба профессор Қобилҷон Хушвахтзода  изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем ва ба ӯ саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, комёбиҳои беназир дар фаъолияти роҳбарӣ ва ва дастовардҳои беназир дар зиндагию рӯзгор таманно менамоем. Бо қатъият ва боварӣ изҳор медорем, ки аз ин гуна дастгириҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои фардои дурахшони ин меҳан, бештару беҳтар талош менамоем”,-мегӯяд Умедҷон Холов, донишҷӯи донишгоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *