Хусрав Зиёдуллоев Аз тхэквондо ба гиторнавозӣ

Пайдо шудану ҳамчун соҳибистеъдод шинохта шудани ҷавонони соҳаҳои гуногун дар шабакаҳои интернетӣ шаҳодати он аст, ки фазои маҷозӣ рӯз аз рӯз қудрати муаррифӣ кардани бештари чеҳраҳоро дорад. Вақте ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз истеъдоди ҷавонон огоҳ мешавем, тааҷубовар аст, ки онҳоро пеш аз интернет дар ягон ҷои дигар надида будем.

Хусрав Зиёдуллоев аз ҷумлаи ҳамин гуна ҷавононест, ки чанд соли охир ҳамчун гиторнавоз машҳур аст. Ӯро газета, радио ё ягон шабакаи телевизионӣ ба мардум муаррифӣ накард, балки худаш бо фикру заҳмати худаш ба интернет баромада, ҳунарашро нишон дод ва мардум истеъдодашро қабул карда, дӯст доштанд.

Гитор менавозад ва ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоиро бисёр хуб пеш мебарад. То андозае гиторнавози хубу муваффақ аст, ки агар ба саҳифааш дар Инстаграм назар кунем, мебинем, ки ӯ бо сарояндаҳое чун Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов, Зулайхо Маҳмадшоева, Сафармуҳаммад Рустам, Шаҳбози Акобир ва ғайраҳо ҳамкорӣ карда, барои таронаҳои онҳо мусиқӣ месозад.

Мо бо Хусрав суҳбати кӯтоҳ доштем ва аз ӯ пурсидем, ки пеш аз гиторнавози машҳур шуданаш ба чӣ корҳо машғул буд.

— Ман пеш аз ба дунёи мусиқӣ ворид шудан, муддати ҳашт сол ба варзиши намуди тхэквондо машғул будам. Сипас, ҷароҳат бардоштам ва дигар машқро давом дода натавонистам. Ҳамин тавр, ба дунёи мусиқӣ ворид шудам ва соли 2019 бо Фаррух Ҳасанов шинос шудам. Шиносоии мо ба дӯстӣ табдил ёфт ва замони авҷи бемории коронавирус дар фикри ман идеяи сурудхонӣ дар шабакаи «Чат-рулетка» пайдо шуд. Ба Фаррух Ҳасанов пешниҳод кардам, ки ман менавозаму ту суруд мехонӣ ва ҳамин тавр, ҳам худамонро муаррифӣ мекунем ва ҳам метавонем фоидаи молӣ ба даст орем. Фаррух розӣ шуд ва мо корро сар кардем.

Соатҳои зиёд дар шабака фаъол будем ва бо мардум аз тамоми гӯшаи дунё ҳамсуҳбат мешудем. Хушбахтона, мардум моро хуб қабул кард ва дар муддати даҳ рӯз зиёда аз 20 ҳазор кас ба саҳифаи мо обуна шуд. Ҳамин тавр, мо аудиторияамонро хеле калон кардем ва пайваста барояшон мусиқӣ ҳадя менамудем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *