Хусрави тоҷик омад!

Ӯ дар Амрико  Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Яке аз намудҳои густурдаи бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ ин намуди тхэквондо WTF аст, ки хушбахтона дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ягон мураббии Русия ба тамрини ҷидди тхэквондочиёни тоҷик «камари ҳиммат» набаста буданд. Ҳар чемпионе, ки то ин замон аз тхэквондо WTF-и Тоҷикистон баромадааст, ҳамагӣ дастпарвардаи Тоҷикистонанд. Ҳарчанд шабакаҳои варзишии Русия дастовардҳо ё муҳорибаҳои тхэквондочиёни тоҷикро сарфи назар мекунад, эшон дар сартосари Осиё ва ҳатто Аврупою Амрико басо маъруф ва серхаридоранд. Мамолики абарқудрат барои аз худ кардани тхэквондочиёни тоҷик на пулро дареғ медоранд, на қасру кушк ва мошинҳои қиматро.

Яке аз чунин тхэквондочиёни серхаридор ва маъруфи тоҷик, ки зарбаи апотологияшро рақибонаш «смертельный удар» (зарбаи ҳалокатбор) эътироф мекунанду аксаранд, ҳангоми бо ӯ дар спарринг рақиб баромаданашон аз рақобат даст мекашанд, Хусрав Ғиёсов мебошад.

Аз Хусрав Ғиёсов дар Тоҷикистон чун беҳтарин тхэквондочӣ ва мураббию довар ёдовар мешаванд. Тхэквондочиёни тоҷик мегӯянд, ки матонату ҷасурӣ ва ҳувияти баланди миллӣ доштанро бояд аз Хусрав омӯхт. Зеро ӯ новобаста аз он ки чандин сол инҷониб дар ИМА зиндагӣ ва кору рӯзгор дорад, дар кулли чемпионатҳои кушоди ҷаҳонӣ аз номи Тоҷикистон баромад мекунад ва аз ҳама асосаш ҳеҷ гоҳ бидуни медал аз чемпионатҳои хориҷ барнамегардад.

-Зиёд мебинам, ки варзишгарон пас аз як-ду маротиба аз номи давлаташон чемпион шудан бо гирифтани пешниҳоди маоши баланд аз номи дигар давлат баромад намуда, парчамбардори он мегарданд. Ин, албатта, ба худи ҳар инсон вобаста аст. Касе ҳуқуқ надорад ӯро гунаҳгор шуморад, -мегӯяд Хусрав.

Хусрав аз соли 1995 дар риштаи тхэквондо шомил гардида, то гирифтани камарбанди дани сиёҳи 1-ум дар самти ITF-и ин намуди варзиш тамрин намудааст. Баъдан cоли  1997 ба самти WTF-и тхэквондо, ки намуди олимпӣ маҳсуб мешавад, шомил шуда, худи ҳамон сол ба дастаи мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон роҳ меёбад.

Аввалин баромади Хусрав берун аз кишвар соли 2003 сурат гирифта буд ва он  мусобиқаи байналмилалии Такаваран буд. Дар ин мусобиқа Хусрав ғайричашмдошт соҳиби ду медал- ҷойи сеюм дар рӯзи аввали мусобиқа- 10- уми сентябр ва ҷойи аввал дар рӯзи охир- 12- уми сентябр гардид. Ин сана на танҳо барои Хусрав, балки барои кулли варзишгарони тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда буд. Ду ҷойи ифтихорӣ ду медал ва он ҳам аз ҷониби як варзишгаре, ки аввалин набардаш берун аз кишвар буд.

Пас аз ин  роҳи тӯлонии Хусрав ба мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ оғоз гардид ва қариб аз ҳамаи ин сабқатҳо бо медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ бармегашт.

7-уми майи соли 2006,  Бозиҳои 5-уми кушоди Осиё дар Ӯзбекистон. Ин сабқат барои Хусрав хеле муҳим буд. Чун маҳз дар ҳамин кишвар, ки ба ҳукуматдории Ислом Каримов рост меомаду  ба мо дар он замон бо мо «гургоштӣ» буданд, бояд исбот мекард, ки маънии тоҷик «тоҷдор» аст ва замоне он паҳлавон дошт бо номи Рустами достон ва мо насли замони истиқлол аз насли ӯ ҳастем. Ин азми қавӣ, ки бояд бо ҷойи аввал ба Ватан бармегашт,  ӯро ба мақсадаш расонд ва воқеан ҳам сазовори ҷойи ифтихорӣ ва медали тилло гардид.

Соли 2013-ро метавон «соли тиллоӣ» дар ҳаёти Хусрав Ғиёсов ҳисобид, зеро дар ин сол Чемпионати ҷаҳон оид ба тхэквондо дар шаҳри Колоридаи Амрико мегузашт.  Моҳи феврали ҳамон сол соҳиби ҷойи 2-юм дар мусобиқаи «PIKES PEAK DAED», ки дар шаҳри Колорадо шуда буд, гардид.  Хусрав  марти соли 2003   дар мусобиқаи Twin Dragons ва моҳи апрел дар Чемпионати кушод оид ба тхэквондо дар Уқёнуси Ором сазовори ҷойи аввал гардид.

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки он замон Хусрав Ғиёсов сокини Амрико буда, чун мураббӣ бар ин кишвари абарқудрат нуфузи зиёд дошт. Имсол низ Хусрав Ғиёсов дар Амрико  ба сар мебарад. Аммо дар худи Амрико новобаста аз ин  дар мусобиқаи Lone Wolf Classic Tournament-  2017  аз номи Тоҷикистон баромад карда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Тавре худи Хусрав мегӯяд «Бароям беҳтарин сухан дар мусобиқаҳо ин аст, ки мегӯянд: «боз Хусрави тоҷик омад». Бовар кунед, вақте маро тоҷик гуфта мешиносанд, бароям як ҷаҳон хушбахтист. Ин ҷо дар Амрико низ кулли шогирдонам медонанд, ки устодашон тоҷик аст ва ҳатман ҳангоми пурсидани «устоди шумо кист?» мегӯянд: «Хусрав Ғиёсови тоҷик». Шояд барои бархе ин суханон дар назар одӣ тобад, аммо барои ман  аз ганҷи Қорун қиматтар аст».

Фарангиси Фармон,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *