Хусусиятҳои шифобахшии кунҷид
Кунҷид — ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз он равған мекашанд, онро ба рӯйи нон мемоланд, аз он ҳалво мепазанд ва ғайра. Мизоҷашро дар дараҷаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дараҷаи дувум гарм ва тар низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ ва кушояндагии гиреҳҳоро дорад. Агарчи ҳангоми хӯрдан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва дуруштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхта, яъне балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меоварад, рӯдаҳо ва маъқадро мулоим мекунад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Кунҷидро бо шароб биёшоманд, барои газидани каждум ва мори афъӣ даво мебошад. Аз кӯфтаи кунҷид шира кашида, бо набот биёшоманд, сӯзиши меъда ва сурхрӯда, турш шудани рутубати савдовии меъда, сӯзонидани моддаҳои нӯшидашуда ва моддаи тезро аз бадан дафъ мекунад. Аз он шароб тайёр намуда, онро бо мудовамат бинӯшанд, меъда ва рӯдаҳоро мулоим мегардонад, санги гурдаро майда карда мерезонад.
7 грамм кунҷидро бо 3,5 грамм чормағзи сӯхтагӣ бихӯранд, хуни равони бавосирро катъ мекунад. Кунҷидро бо оби тариди сабир ва мавиз даромехта, бардавом лесида бихӯранд, барои сурфа ва бемориҳои узвҳои даруни сина, инчунин барои захми шуш даво мебошад.
Кунҷидро кӯфта, бо шароб биёшоманд, кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст, дафъ мекунад ва заҳри мори шохдорро аз бадан рафъ месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ