«Hyatt Regency»-и Дерипаска ба фурӯш меравад

«Тоҷинвест», идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон аз фурӯши меҳмонхонаи Hyatt Regency дар шаҳри Душанбе хабар дод.

«Тоҷинвест», идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон аз фурӯши меҳмонхонаи Hyatt Regency дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ҳоло нархи ин меҳмонхонаи панҷситорадор, ки соли 2009  ширкати “Русские отели”-и Олег Дерипаска, сармоядори Русия ба маблағи 140 миллион доллар бунёд карда буд, эълон нашудааст. Вале эҳтимол дорад, ҳудуди 160 миллион доллар нархгузорӣ шавад.

Меҳмонхонаи Hyatt Regency дар масоҳати 1,3 гектар ҷой гирифта ва 190 ҷойи корӣ мавҷуд аст.

Соли 2015  меҳмонхонаи Hyatt Regency аз Олег Дерипаска ба дасти Талкои Тоҷикистон гузашта ва ҳамакнун  ба фурӯш гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *