Иқдоми соҳибкор: Бунёди кӯдакистон барои 500 нафар дар Ёвон
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Акбар Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 500 нафар кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Хамчунин манбаъ хабар медиҳад, ки то соли 2030 бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сохтани кӯдакистонҳои хусусию давлатӣ 30 фоизи кӯдакони ноҳияи Ёвон бо муассисаҳои томактабӣ таъмин мегарданд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигорон иброз дошт.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳақиқат аз ҳисоби кам будани кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ин мушкилот вуҷуд дорад ва онҳо пайи ислоҳи он кӯшиш доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ