Сомон Эйр

Иқдоми «Сомон Эйр» пас аз се соли танаффус

Баъди танаффуси сесола ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд. Ин парвоз аз 8-уми феврали соли равон оғоз меёбад.

Ба гуфтаи Абдулқосим Валиев — директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», парвозҳо аз пойтахт ба самти шаҳри Урумчӣ ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд. Баъдан аз оғози марти соли равон дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо байни Душанбе ва Урумчӣ аз моҳи марти соли 2020 қатъ гардида буданд. Сабаб паҳн гардидани бемории коронавирус ва эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон буд.

Гуфта мешавад, ки соли 2022 ширкати «Сомон Эйр» ду ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ аз яке аз бонуфузтарин ширкатҳои хориҷӣ — Aviation Capital Group /ACG/ харидорӣ намудааст. Ҳадаф аз ин иқдом мукаммал намудани парки ҳавопаймоии ширкат ва рушди инфрасохтори соҳаи авиатсияи мамлакат аст. Ин ду ҳавопаймо ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шудаанд.

Аз сар гирифтани парвози “Сомон Эйр” ба самти Урумчӣ дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон то соли 2027 имтиёз гирифтанд. Дар асоси тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон, ки вакилони парлумон онро қабул карданд, ҳоло ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ аз чанд намуди хизматрасонӣ озод ҳастанд.

Аслан, дар низоми ҳавопаймоии Тоҷикистон ду ширкат — “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” фаъолият мекунанд. Вале ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолити назаррас надорад. Ягона ширкате, ки дар хизматрасонӣ ба мусофирон мавқеъ дорад, “Сомон Эйр” мебошад. Аммо бо вуҷуди имтиёз нархи чипта мувофиқ ба ҷайби мардум нест. Ҳамасола нархи чипта вобаста ба мавсим, махсусан баҳор, ки рафтани муҳоҷирон зиёд ба назар мерасад, майли болоравӣ мекунад. Ҳатто борҳо нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар минтақа дониста шудааст. Бинобар ин, пас аз боз шудани сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳазорон муҳоҷир маҷбур мешаванд, ки аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистон ба Русия сафар кунанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *