Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Қатар муаррифӣ мешавад
Дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агритек-2022) ба кори худ оғоз кард, ки то 14-уми марти соли 2022 идома хоҳад ёфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури сарвазири Қатар, вазири шаҳрдорӣ, вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Давҳа ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва саноатии Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ сурат гирифтааст.
— Дар форуми иқтисодие, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода суханронӣ намуда, иқтидору зарфиятҳои соҳаҳои агросаноатии кишварамон ва инчунин тадбирҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин содироту воридоти маҳсулоти соҳаҳои мазкур муҳайё намудааст, рӯнамоӣ кард,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ин чорабинӣ 307 ширкати байналмилалӣ аз 46 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро дар бахшҳои кишоварзӣ, обёрӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузоштаанд ва боздиди беш аз 10 ҳазор нафар аз намоишгоҳи мазкур дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ