Иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос. Сардори нави Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе кист?

Раҷабалӣ Бобохонзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Шоҳзод Раҳимзодаро иваз кард.

Раҷабалӣ Бобохонзода 30 –сола аст. Номбурда факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолиятро аз кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идора оғоз намудааст. Солҳои гуногун дар вазифаҳои муовини декан оид ба корҳои тарбиявию ташкилии  факултети мазкур,  ёвари муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва ёрдамчии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Гуфта мешавад, ки Раҷабалӣ Бобохонзода солҳои гуногун дар вазифаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур низ кор кардаст.

Ахиран, то таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ба ҳайси ёрдамчии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мукаммалгардонии механизми ҳифзи бозори дохилӣ дар шароити узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» дифоъ кардааст.

Соли 2023 бошад, маълумоти олии дуюмро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтааст.

 Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *