Иқтисоддони олмонӣ пулеро ном бурд, ки дар ояндаи наздик нобуд мешавад
ИА бо таварруми тӯлонӣ рӯ ба рӯ аст, ки евроро нобуд мекунад. Дар ин бора дар мусоҳиба бо Deutsche Wirtschafts Nachrichten иқтисодшинос Томас Майер изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран қурби асъор ниҳоят ноустувор шудааст ва Бонки марказии Аврупо бидуни анҷоми чорае ба чопи пулҳо идома медиҳад. Амали танзим метавонад як масъаларо ҳал кунад ва дигареро таҳрик диҳад.
Дар сурати боло рафтани меъёри калидӣ кишварҳое, ки қарзи давлатӣ дар онҳо 150%-и ММД-ро ташкил медиҳад, муфлис ва аз минтақаи евро хориҷ мешаванд. Майер гуфт, ки сарнавишти ба ин монанд ба Италия низ омада метавонад. Ҳамин тариқ, таваррум боиси оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Вай вазъиятеро, ки дар аввали солҳои 20-ум дар Германия ба амал омада буд, мисол овард. Дар натиҷаи гиперинфлятсия натсионал-сотсиалистҳо ба сари ҳокимият омаданд. «Агар вазъият тағйир наёбад, мардум ба ҷустуҷӯи ивази пули расмӣ шуруъ мекунанд»,- хулоса кард иқтисоддон.
Ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки қимати металл ва таваррум дар Аврупо афзоиш хоҳад ёфт. Ин боиси паст шудани некӯаҳволии истеъмолкунандагони оддӣ мегардад. «Ин нархи қарорҳои қабулшуда аст»,- шарҳ дод сарвари давлат.
Вай афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба хотири манофеи муваққатии сиёсӣ алайҳи пулодгудозҳои Русия чораҳои ғайридӯстона андешидааст ва равобити дар тӯли солҳо рушдёфтаро аз байн бурд. Онҳо ба чунин чизҳои оқилона, монанди обрӯи кордонӣ, манфиати ҳамдигарӣ ва самараи иқтисодӣ асос ёфта буданд.
Қаблан CNBC хабар дода буд, ки қатъи интиқоли энержии Русия ба иқтисоди Аврупо бо паёмадҳои сангин таҳдид мекунад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ