Иқтисоди пинҳонӣ: Чаро мақомоти марбута дар пешгирии он оҷизанд?
Шаш сол аст, ки дар кишвар Кодекси андоз амал мекунад ва эътироф бояд кард, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани он шумораи соҳибкороне, ки фаъолиятро қатъ намуданд, афзуд ва ин раванд то ҳол идома дорад.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода соли 2016 иброз дошта буд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Маркази тадқиқотии «Шарқ» муайян кардаанд, ки 30 фоизи иқтисодиёти кишвар пинҳонӣ аст.
Чанде пеш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода эътироф кард, ки иқтисодиёти пинҳонӣ аз 15 то 20 дарсадро ташкил медиҳад. Аз он ки нишондиҳанда коҳиш ёфтааст, хуб, вале, ба ҳар сурат, то 20 фоизро ташкил додани он барои кишваре чун Тоҷикистон хатарзо аст.
Бино ба гуфти номбурда, омори зикршуда натиҷаи тадқиқи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорон яке аз сабабҳои зуҳур кардану ташаккул ёфтани иқтисоди ғайрирасмӣ мебошад.
Дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш доир шуд, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода сабабҳои таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ, аз ҷониби якчанд корхона пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобишуда арзёбӣ кард.
Шояд ӯ то андозае ҳақ бошад, вале сабаби асосии ҳолати зикршударо зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар Пешвои миллат «номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ин самт» арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқоти мавриди назар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки «масъулинро зарур аст якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар самти такмил додани раванди таҳлили имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, бештар ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ тақвият бахшанд».
Бино ба иттилои дастрасшуда, дар нимсолаи аввали имсол нисбат ба фаъолияти 880 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида, 240 миллион сомонӣ кам ҳисоб намудан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шуд.
Илова бар ин, дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ дар давраи зикршуда зиёда аз 12790 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор 82,7 миллион сомонӣ ҷарима карда шуданд. Дар ҳоле ки бо ибтикори Пешвои миллат барои ҳама намуди санҷиш мораторий эълон шудааст, суханони номбурда магар масали «як бому ду ҳаво»-ро ба хотир намеорад?
Чанде пеш вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода омореро пешниҳод кард, ки бевосита ба ин масъала рабт дорад. Бино ба гуфти ӯ, дар давоми шаш моҳ 181 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият мондааст.
Ба касе пӯшида нест, ки як идда соҳибкорон аз тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади кам шикоят доранду тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаш моҳи соли равон 13 ҳазор соҳибкор тарки пеша кардаанд. Масъулини кумитаи мазкур ба он назаранд, ки соҳибкороне, ки кори худро қатъ намудаанд, аксарияташ дар бахши тиҷорат кор мекарданд ва як қисмат онҳое будаанд, ки солҳои охир корхонаҳояшон муфлис шудааст. Аҷаб шарҳи «беназир»…
Ногуфта пайдост, ки соҳибкорон аксаран дар бахши тиҷорат фаъолиятро роҳандозӣ менамоянд ва иқтисоди пинҳонӣ дар навбати аввал аз воридоти молу маҳсулот маншаъ мегирад. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат, дар нимсолаи аввали соли 2019 гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 094,1 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ воридоти мол низ аз хориҷи кишвар афзоиш ёфтааст ва бино ба гуфти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, ин тамоюл ба татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ вобастагӣ дорад.
Аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 39 фоиз ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ба гуфтаи сардори Хадамоти гумрук, воридоти молу маҳсулот асосан аз Федератсияи Россия 30,6 фоиз , Қазоқистон — 21,5, Хитой — 16,9, Туркия — 4,5, Ӯзбекистон — 4,4, Украина — 1,5, Япония -2,2 ва Германия 2 фоиз сурат гирифтааст.
Дар робита ба масъалаи меҳварии матлаб — иқтисоди пинҳонӣ Хуршед Каримзода омори ҷолибро пешниҳод кард: -Таҳлили муқоисавии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ вобаста ба номгӯи молҳо нисбат ба соли 2018 нишон медиҳад, ки дар давраи мавриди назар воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ 35,8 фоиз, нуриҳои минералӣ — 64,3, либосворӣ — 22,6, маводи шустушӯӣ — 17,2 ва ангишт 39 фоиз кам гардидааст. Дар заминаи чораандешӣ вобаста ба ин масъала воридоти расмии ин намуди молҳо зиёд гардид. Ба ибораи дигар, як рукни иқтисоди пинҳонӣ фалаҷ карда шуд.
Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки оҷиз будани баъзе аз мақомот, пеш аз ҳама, ба муносибати дуюмдараҷа доштан ба моҳияту зарари проблемаи мазкур ва ҳавасманд будани як идда кормандон ба ривоҷи ин намуди иқтисод вобаста аст. Зеро иқтисоди пинҳонӣ бе мусоидати як идда кормандони мақомот вуҷуд дошта наметавонад. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат дастгир шудани чанд корманди мақомот шаҳодати ин гуфта аст.
Дастуру супоришҳои Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқотҳояшон бо кормандони мақомоти судӣ, молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар ироа гардид, масъулинро муваззаф менамояд, ки дар ин самт бетаъхир чораандешӣ намоянд. Дар акси ҳол, шаҳрвандони мамлакат ба оҷиз будани мақомот дар қиболи иқтисоди пинҳонӣ мутмаин хоҳанд шуд.
Далер МЕРГАНОВ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ