Иҷозати онлайн барои тӯю азо
Сокинони кишвар метавонанд иҷозатнома барои гузаронидани ҷашну маросимҳояшонро онлайн гиранд. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим тариқи ирсоли паёмак (СМС) ба телефонҳои мобилӣ хабар дод.
Аз кумита ба Pressa.tj гуфтанд, ки сокинони кишвар метавонанд тариқи сомонаи www.tanzim.tj ҷашну маросимҳои хешро ба қайд гирифта, ҳамчунин, иҷозатнома ба даст оранд.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур аз оғози соли 2024 ҷорӣ шудааст.
“Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо нарафта, маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арӯсӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон аст”,- мегӯянд масъулини кумита.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи сомонаи мазкур бисёр сода буда, баъд аз он ки шумо вориди он мешавед, ду тугма — “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” ва “бақайдгирии маросими азодорӣ” пайдо мешаванд. Шумо маросими худро интихоб мекунед ва тибқи талаби барнома маълумоти зеринро ворид менамоед: намуди чорабинӣ — тӯйи арӯсӣ ё домодӣ, намуди маърака — оши тӯй ё зиёфат, маълумоти шахсӣ, аз қабили ному насаби арӯсу домод, шаҳрвандӣ, суроға ва рақамҳои телефон, суроға ва вақту санаи баргузории чорабинӣ ва ғайра. Ҳамчунин, нусхаҳои шиноснома ва маълумотнома аз САҲШ-ро оид ба аризаи қайди никоҳ вориди барнома мекунед. Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, ба шумо иҷозатномаи электронӣ фиристода мешавад.
Барномаи мазкур қулай буда, ташвиши ҳуҷҷатгузорӣ ва навбатистиро дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ кам мекунад.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ