Иҷозатнома 300 сомонӣ ё 130 доллар?
Бо гузашти як моҳ мушкили ронандагони мошинҳои борбар дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳал нашудааст. “Тоҷикистон” вобаста ба ин қазия чанде пеш матлабе навишта буд. Ронандагон мегӯянд, ки қаблан бар ивази 50-60 доллар гузарнома гирифта, борашонро аз гузаргоҳи марзӣ мегузарониданд. Ҳоло нархи ин ҳуҷҷат ба 130 доллар расидааст. Вале мақомоти кишвар мегӯянд, ки мушкил ҳал шудааст.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон:
-Мо аз мушкиле, ки дар марз ҳаст, огоҳем. Ин гузарномаҳоро мо чоп намекунем. Инҳо аз кишвари ҳамсоя меоянд. Баъд аз оне, ки гузарномаҳо меоянд, мо онҳоро ба ширкатҳо тақсим мекунем. Нархи давлатии рухсатнома барои гузаронидани молу коло аз сарҳад 300 сомонӣ аст. Шояд дар инҷо «омилҳои инсонӣ» вуҷуд доранд, ки нархҳоро баланд мекунанд. Мо ин қазияро пайгирӣ мекунем.
Охири моҳи январ дар марз барои гирифтани рухсатнома мушкилӣ эҷод шуда буд. Мо ба ҳамон ҷо рафта, бевосита рухсатномаҳоро тақсим кардем. Ва шиддат дар байни ду рӯз вобаста ба рухсатнома бардошта шуд.
Мо дар наздиктарин фурсат гирифтани рухсатномаро тариқи пардохти ғайринақдӣ роҳандозӣ хоҳем кард. Вақте пардохти ғайринақдӣ амалӣ шуд, ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз байн мераванд.
Ашӯрбой Маҷидов, ронанда:
— Мушкили гирифтани гузарнома то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мо ба хотири он ки борҳоямон вайрон нашавад, маҷбурем бар ивази 130 доллар онро харида, марзро убур кунем.
Шояд ширкатҳои иҷозатномадиҳӣ нархро боло бардоштанд, аммо ин барои мо маълум нест. Бояд вазири нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ин мушкилро ҳал кунанд. Зеро нархи рухстанома ҳар рӯз дигар мешавад.
Ҳоло гирифтани рухсатнома ҳам душвор шудааст. Кадом ширкате, ки бисёр мошин дорад, аз вазорат бисёртар рухсатнома мегирад. Нафаре, ки “таға” дорад, мушкил надорад. Мо ки бе “таға”-ем, дар азобем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ