Иҷозатномаи мошинҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон гарон шуд
Нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон боло рафтааст. Тибқи нархномаи нав минбаъд ронандагон барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳо аз 3930 то 5160 сомонӣ пардохт менамоянд.
Дар ин бора чанде аз ширкатҳои хизматрасони ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт (мағозаи комиссиёни) — и назди идораҳои БДА ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Арзиши иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ва андози роҳ, ки яке аз муқарраротҳои асосӣ барои гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) маҳсуб мешавад, ба андозаи 3,5 то 4,4 % баланд шудааст.
Ба иттилои манобеъ, тибқи нархномаи нав арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани оинаи мошинҳо кам ё беш аз 160 сомонӣ гарон шудааст. Тибқи нархномаи нав соҳибони воситаи нақлиёт вазифадоранд, барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳои соли бароришашон то 2005, 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ пардохт намоянд.
Дар сурати пардохт накардани ин миқдор маблағ, ронандагонро зарур меояд, ки шишаҳои сиёҳи мошинашро пок кунанд. Соли гузашта қимати чунин иҷозатнома аз 3770 то 4988 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Шурӯъ аз аввали соли 2021 арзиши андози роҳ аз воситаи нақлиёт низ то 3,5 % баланд шуд. Андози роҳ аз восиати нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик (мотор) ситонида мешавад. Иқтидори муҳаррикро аз рӯи «қувваи асп» — и он ҳисоб мекунанд.
Тибқи нархномаи нав арзиши андози роҳ барои ҳар як «қувваи асп» — и нақлиёт ба 4,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта он 4,35 сомонӣ буд ва аз ҳадди миёни воситаи нақлиёт, ки аз 75 «қувваи асп» иборат аст, 326 сомонӣ андози роҳ ситонида мешуд.
Бар тибқи нархномаи нав, қимати муоинаи техникии воситаи нақлиёти сабукрав то ба 1080 сомонӣ дакка мезанад ва аксар ронандагони тоҷик пардохти онро гарон арзёбӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ