Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад
Пагоҳ, 11 май, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Тавре аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ додаанд, дар иҷлосия маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин росто, аъзои Маҷлиси миллӣ 10 майи соли равон аз соати 8.00 то соати 17.00 ва 11 май аз соати 7.00 то 8.00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-12-47 ва 223-19-48.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ