Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид

21 декабри соли 2017 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 48 масъала ба баррасии ҳар кадомашон шуруъ намуданд.

Бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони Кумитаҳои Маҷли­си мил­лӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ,  Фарҳод Раҳимӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир пешниҳодгардида 3 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ба манфиати ҷомеа арёзбӣ намуда, изҳор дошт, ки баҳри дар амал татбиқ намудани қонуни зикргардида фароҳам овардани заминаҳои таблиғию ҳавасмандсозӣ ба маврид мебошад.

Роҷеъ ба тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки шурӯъ аз соли 2018 марҳилаи татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз мегардад ва қонуни мазкур ҷанбаҳои миллии ташббуси Сарвари давлатро таҳким бахшида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ин ҷода беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошем.

Дар иҷлосия қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ оид ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ва ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб қабул карда шуд.

Гузашта аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқи Амирхон Нусратулло, Расулзода Нуриддин Ғафор, Пулодӣ Шараф Тилллозода, Абдураҳимов Сафаралӣ, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилӣ Файзалӣ қарорҳои дахлдор қабул намуда, Исҳоқи Амирхон Нусратулло муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аланазарзода Шароф, Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон, Комилзода Илҳом Сайдаҳмад, Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комилӣ Файзалиро  ба ҳайси муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. 

Бо ҷонибдории пешниҳодоти Президенти мамлакат Раиси Маҷлиси миллӣ нисбати фаъолияти пурсамари судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар ба синни ниҳоии судягӣ расидан аз мақоми пурмасъулияташон бозхонд шуданд, изҳори миннатдорӣ намуда, аз судяҳои навинтихобшуда даъват ба миён овард, ки пайвастаю пайгирона таъмини адолати судӣ ва волоияти қонунро дар фаъолияти рӯзмараашон тавсеаю тақвият бахшанд.

Дар идома, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷонибдорӣ аз қонунҳои қабулгардида таъкид доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиб, ташвиқ ва татбиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба қонун ва такмили қонунҳо, ки аз ҷониби халқ ва барои халқ таҳия гардидаанд, дар ҳамкории судманд бо мақомоту сохторҳои марбута фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.

Дар интиҳои иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи аъзои Маҷлиси миллӣ дар соли равон изҳори сипос карда, зикр намуд, ки Маҷлиси миллӣ маҷмӯан 122 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 қонунҳои мукаммал, 106 қонунро оид ба такмили қонунгузории кишварамон баррасӣ намуда, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро ҷонибдорӣ накард.

Зикр гардид, ки аз шумораи умумии қонунҳои баррасишуда 26 қонун бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст ва дар 5 иҷлосияи доирнамудаи Маҷлиси миллӣ 33 пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла 32 пешниҳод оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ,  Суди Олии иқтисодӣ ва 1 пешниҳод нисбати машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудаанд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки 6 пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси миллӣ баррасӣ карда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд. Инчунин дар доираи салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 супориши протоколӣ дар сатҳи иҷлосия ва 1 супориши протоколии Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардид, ки дар иҷрои ҳар кадоми онҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ саҳми босазо гузоштанд.

Қобили зикр мебошад, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони Кумитаву Комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалию байниминтақавии парламентӣ гузаронида мешаванд ширкати фаъолона варзида, Ватани маҳбубамонро ҷонибдори арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ва баҳри таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ заминаҳои мусоид фароҳам месозанд ва минбаъд низ ин самти фаъолият густариш дода хоҳад шуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар рӯҳияи созандагӣ ва бо ибрату масъулияти баланди ватандӯстию шаҳрвандӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар Соли нав низ баҳри такмилёбии қонунгузории амалкунанда, инчунин ҷиҳати татбиқ ва таъмини волоияти қонун нақши муассир гузоранд ва тавассути ба роҳ мондани муҳокимаҳои парламентӣ ҷанбаҳои муҳиму масъалаҳои мубрами ҷомеаамонро аз нигоҳи касбӣ таҳлил намуда оид ба таҳкими низоми қонуният тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Иҷлосия бо таманниётҳои созандагию саодатмандӣ ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ба фарҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *