Иҷора ё фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 5-уми январи соли 2019 хонаи ба иҷора гирифтаашро, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Фирдавсӣ ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда ба шаҳрвандон: марди 26-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 5-уми январи соли 2019 хонаи ба иҷора гирифтаашро, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, номбурда дар ҳамин рӯз хонаи ба иҷора гирифтаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ