Иҷоранишин: Пагоҳӣ иҷора гирифту бегоҳӣ онро оташ зад
Сокини шаҳри Душанбе Боев Озод хонаи иҷорагирифтаашро оташ зад. Бино ба иттилои судияи суди вилояти Суғд- Шарифзода Бадриддин Боев моҳи марти соли 2018 аз шаҳри Душанба ба шаҳри Хуҷанд омада дар маҳаллаи 31, бинои 15 ҳуҷраи 10 ба муддати як моҳ иҷора гирифта ва худи ҳамон рӯз дар ҳолати мастӣ бо мақсади несту нобуд кардани молу мулки ғайр иҷораро оташ задааст.
Дар натиҷаи сӯхтор як адад кондидсионери истеҳсоли хориҷи арзишиш 3300 сомонӣ, як адад рахти хоб арзиши 2000 сомонӣ, як адад ҷевони оинадор арзишаш 2000 сомонӣ, палосу курпа, пардаву қолину қандил ва садҳо тақҳизоти дигари хона пурра ба коми оташ рафтаанд. Инчунин дар натиҷаи сӯхтор хона таъмирталаб шудааст, ки таъмири он 19330 сомониро талаб мекунад. Дар маҷмӯъ ин шаҳрванд ба соҳибхона 29290 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Моҳи октябр суди вилояти Суғд шикояти кассиатсионии Боев Озодро баррасӣ намуд ва тибқи моддаи 255 қисми 2 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ миқдори 18250 сомонӣ ҷарима таъин кард.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ