Иҷоранишини қотил

 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Меҳрубони Абдусууди Сироҷзода бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2, бандҳои «е», «и», «л» ва 249 қисми 3 бандҳои «а», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубони А.С. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки дар манзили истиқоматии Ч.Юсупова, истиқоматкунандаи деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор иҷора нишаста, бо мақсади куштори соҳибхона ва тасарруфи амволи ӯ 1 январи соли 2016 бо болғаи оҳанин ба сари ӯ якчанд зарба задааст.
Маҳкумшуда ҷабрдидаро фавтида гумон карда, гӯшворҳояшро кашида гирифта, молу мулки дигари хонаи ӯро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ч.Юсупова бо расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби писараш А.Ҳакимов аз марг наҷот ёфтааст.
Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ Меҳрубони А.С. бо моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо ба муҳлати 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *